Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин вориди Чин шуд


Нахуствазири Русия Владимир Путин имрӯз барои анҷоми як сафари серӯза ва бастани қарордодҳои азими энержӣ вориди Чин шуд. Интизор аст, ки Путин дар ин сафар 34 созишномае бо арзиши куллии 5,5 миллиард доллар, аз ҷумла як қарордоди қарзи 500-миллиондолларӣ ва тарҳҳои муштарак дар заминаи энерживу нақлиёту сохтмон ба имзо расонад. Дар ҷарёни боздид аз Пекин дар канори раҳбарони ҳукуматҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ Путин ҳамчунин дар нишасти созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG