Дар ин бора аз дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Дар ин мулоқот масоили ҳамкориҳои Фонди Оғохон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Раҳбари рӯҳонии исмоилиҳои ҷаҳон дирӯз вориди Тоҷикистон шуд ва тибқи барномаи сафар, ӯ рӯзи 12-уми октябр дар шаҳри Душанбе Маркази исмоилиёнро ифтитоҳ мекунад.
Дар маросими кушоиши Маркази исмоилиён дар Душанбе ҳамчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон низ ширкат хоҳад кард.
Карим Оғохони IV дар чаҳорчӯби сафари худ дирӯз аз Бадахшон, ки аксарияти пайравони мазҳаби исмоилияи кишвар дар ин вилоят ба сар мебаранд, дидан кард ва бо мардум мулоқот анҷом дод. Дар сафари навбатии Оғохон ба Тоҷикистон ӯро пайвандонаш ҳамроҳӣ мекунанд.