Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Озарбойҷон ба тавофуқоти ҳамсоягонаш


Имрӯз Озарбойҷон аз Туркия ба таври шадид интиқод кард, ки розӣ шудааст бо Арманистон муносиботашро оддӣ созад. Вазорати хориҷаи Озарбойҷон гуфт, оддӣ сохтани муносиботи миёни Туркияву Арманистон қабл аз хуруҷи нируҳои Арманистон аз қаламрави ишғолии Озарбойҷон бо манофеъи Озарбойҷон муғоират дорад. Дар ин маврид қаламрави ҷудоихоҳи Қарабоғи Кӯҳистонӣ дар мадди назар аст. Вазорат гуфтааст, чунин иқдом ба равобити миёни Озарбойҷону Туркия соя меафканад ва суботи минтақаро зери суол мебарад. Ин вокуниши Боку дар ҳоле садо медиҳад, ки шоми шанбе Туркияву Арманистон дар бораи барқарории равобити дипломатӣ ва боз кардани марзҳо баъд аз тақрибан як қарн душманӣ аҳднома имзо карданд.

XS
SM
MD
LG