Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар инфиҷоре дар Исломобод 10 нафар кушта шуданд


Артиши Покистон мегӯяд, рӯзи шанбе дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳи тундравон ба ситоди артиши Покистон дар Исломобод 4 марди мусаллаҳ ва 6 сарбози ҳукуматӣ кушта шудаанд. Генерал Атҳар Аббос-сухангӯи артиш гуфтааст, ҳамлакунандагон дар оғоз аз мошин ба сӯи як посгоҳ тирандозӣ кардаанд, сипас мошини бамгузоришударо дар посгоҳ гузоштаанд ва ба посгоҳи дигар ҳамла бурдаанд. Бино ба хабарҳо, дар ин тирандозӣ як роҳгузар аз аҳолии маҳаллӣ низ кушта шудааст. Ин ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки як рӯзи пеш дар натиҷаи инфиҷори баме дар Пешовар 50 нафар ба қатл расиданд.
XS
SM
MD
LG