Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти бенатиҷаи озариҳову арманиҳо дар Кишинёв


Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури Озарбойҷон гуфтааст, даври ахири музокироти кишвараш бо Арманистон дар бораи қаламрави баҳсбарангези Қарбоғи Кӯҳистонӣ бидуни натиҷа анҷом ёфтааст. Илҳом Алиев ин нуктаро дар ҳошияи мулоқоти раҳбарони кишварҳои мустақили ҳамсуд дар Кишинёв-пойтахти Молдавия баъд аз музокироташ бо Серж Саркисян-раиси ҷумҳури Арманистон изҳор дошт. Қаблан Сергей Лавров-вазири умури хориҷаи Русия гуфт, ин ду раиси ҷумҳур дар роҳи ҳали масъалаи Қарабоғ, ки акнун зери контроли Арманистон аст, қадаме ба пеш бардоштаанд. Қаламрави Қарбоғи Кӯҳистониро кишварҳои ҷаҳон хоки қаламрави Озарбойҷон мешиносанд.
XS
SM
MD
LG