Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғохон дар Хоруғ боғ боз кард


Дар шаҳри Хоруғ, рӯзи 10-уми октябр, пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Оғохони IV, ҳамроҳ бо муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов боғи фарҳангу фароғатиеро боз карданд. Ин боғ бо маблағгузории Бунёди Оғохон таҷдид шудааст.

Роҳбари бахши фарҳангии хадамоти Оғохон Луис Монреал гуфт, қаблан мақомот ин боғро ба Оғохон ҳадя намуда, акнун ин боғи навсозишудаи замонавӣ ба шакли дигар ба ҷамоат бар мегардад. Масъулини лоиҳаи таҷдиди боғ мегӯянд, навсозии ин боғи масоҳаташ қариб 4,5 гектар мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ анҷом шуда, аммо дар сохтмон ва ороиши он бештар аз масолеҳи маҳаллӣ истифода гардидааст.

Қариб як километри роҳравҳои дохили боғ аз варақсангҳои суфташудаи кӯҳистон пӯшида ва оро ёфта, наздик ба се гектари боғ сабзу гулзор шудааст. Ба мақсади фароҳам сохтани шароити мусоиди фароғатӣ барои мардум, ҳамчунин, дар боғ ҳавзи шиноварӣ, майдончаҳо барои бозии кӯдакон, ҷойҳои дамгирӣ, чойхона, тарабхона ва кинотеатри тобистона сохта шудаанд.

Сокинони Хоруғ мегӯянд, боғи нав на фақат ба ҳусни шаҳр ҳусн зам мекунад, балки воқеъан ба маркази фароғати хурду бузург табдил шудааст. Сармеъмори шаҳр Назарсултон Сиддиқова гуфт, шаҳрдорӣ тасмим дорад, ки таҷрибаи корбурди масолеҳи сохтмонии табииро дар сангфарш намудани роҳҳои пиёдагарди шаҳр мавриди истифода қарор диҳад.

Барои гулпӯш ва сабзазор нигоҳ доштани боғ дар маҳалли обҳои гарми Ҷелондеҳ гармхона бунёд гардидааст, ки дар он гулҳои рангоранги маҳаллӣ ва мутобиқшуда ба иқлими минтақа парвариш меёбанд. Гуфта мешавад, ки барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани боғ 35 нафар ба кор дар он ҷалб мешаванд.

Пешвои исмоилиёни ҷаҳон дар ҷараёни сафараш ба Хоруғ, ҳамчунин, ба рафти сохтмони шаҳраки донишҷӯии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ шинос шуда, бо раиси Бадахшон мулоқот намуд.

Барои чандумин бор аст, ки пешвои исмоилиён ба Бадахшон меояд, аммо барои аввалин бор аст, ки ӯро дар ин сафар аҳли хонаводааш ҳамроҳӣ намуданд. Нахустин ташрифи пешвои исмоилиёни ҷаҳон ба Бадахшон моҳи майи соли 1995 ба вуқӯъ пайваста буд.
XS
SM
MD
LG