Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама мегӯяд, сазовори Ҷоизаи Нобел набуд


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико дар вокуниш ба ноил шуданаш ба Ҷоизаи Сулҳи Нобел гуфт, аз ин амр бисёр ифтихор мекунад, вале худро сазовори ин ҷоизаи мӯътабар намедонад. Вай афзуд: “Ман аз қарори Кумитаи Нобел ҳаяҷонзада ва бисёр мутаасир шудам. Ман инро на эътирофи иҷрои дастовардҳои худ, балки таъкиде ба пешвоии Амрико, медонам, ки аз орзуҳои миллатҳои тамоми дунё сарчашма мегирад. “ Кумитаи Норвегии Нобел гуфт, Барак Обамаро барои талошҳояш “ҷиҳати тақвияти дипломатияи байналмилалӣ” сазовори Ҷоизаи Сулҳи Нобел донист. Хабари ноил шудани Барак Обама ба Ҷоизаи Сулҳи Нобел ҷаҳониёнро ғофилгир кард ва раҳбарони кишварҳои ҷаҳон аз ин амр истиқбол намуданд. Николя Саркозӣ, гуфтааст, ки ҷоизаи мазкур “бозгашти Амрико ба қалби ҷаҳониёнро” нишон медиҳад. Хосе Мануеэл Барросо – раиси Кумиссиёни Аврупо ҳам Барак Обамаро табрик гуфтааст. Дар Ховари Миёна мақомоти Фаластиниён гуфтаанд, ки Ҷоизаи Сулҳи Нобел, Барак Обамаро барои талошҳои бештар ҷиҳати расидан ба сулҳ дар Ховари Миёна ташвиқ хоҳад кард. Алиакбар Ҷавонфикр – ёвари раиси ҷумҳури Эрон гуфтааст, ки ҷоиза бояд Барак Обамаро барои поён додан ба беадолатӣ дар ҷаҳон водор кунад. Баъзе аз сиёсатмадорон ва ҳомиёни ҳуқуқ эътои Ҷоизаи Сулҳи Нобел ба Барак Обамаро дуруст надониста ва гуфтаанд, ки ӯ ҳанӯз кори зиёде дар ин замина накардааст. Аз ҷумла Лех Валеса раиси ҷумҳури собиқи Лаҳистон ва номзад ба Ҷоизаи Сулҳи Нобел. Ҷоизаро рӯзи 10-уми декабр дар шаҳри Осло ба соҳибаш тақдим мекунанд.
XS
SM
MD
LG