Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Раҳмон ба Ишқобод чӣ хоҳад дод?


Раисони ҷумҳуриҳои Туркманистон ва Тоҷикистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Эмомалӣ Раҳмон дар Ишқобод
Раисони ҷумҳуриҳои Туркманистон ва Тоҷикистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Эмомалӣ Раҳмон дар Ишқобод

Мақомоти Тоҷикистон умедворанд, ки баъд аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар рушди бештаре пайдо хоҳанд кард.

Хабаргузории давлатии Туркманистон навиштааст, ки баъди ин сафар саҳифаи дурахшоне дар таърихи ҳамкориҳои ду кишвар изофа хоҳад шуд, ки суннатан ҳамкориҳои неку наздик доштаанд. Воқеан агар ба гузоришҳо доир ба собиқаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон назар андозед, аз мушкилот равобити онҳо сухани зиёде намеёбед.

Таваҷҷӯҳ ба ин сафари кории Раҳмон ба Туркманистон аз он хотир зиёд аст, ки дар остонаи ин боздид Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, дар як баёнияи нодир аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ даъват кард, дар подош ба оби фаровоне, ки аз рӯдхонаҳои фаромарзии Тоҷикистон мегиранд, ба ин кишвар барои рафъи камбуди нерӯи барқ кӯмак кунанд.

Туркманистон дар рӯзҳои сахте ба кӯмаки Тоҷикистон шитофтааст. Аз ҷумла, дар замони ҷангҳои хунини шаҳрвандии Тоҷикистон ҳудуди 10 ҳазор нафар аз паноҳандагони туркмантабори Тоҷикистонро мизбонӣ карда ва ба онҳо тобеъияти Туркманистонро додааст.
Дар солҳои баъдӣ ва начандон пеш дар рӯзҳои сахт ва камбуди нерӯи барқ ба Тоҷикистон садҳо миллион киловат нерӯи барқ содир кардааст ва то кунун барои интиқоли молу коли зиёди эронӣ аз тариқи қаламраваш ба Тоҷикистон таруфаҳои поёнтаре таъин мекунад.

УМЕДВОРИҲО БА РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДӢ

Сӯҳроб Одинаев, намоянда аз раёсати равобити хориҷии вазорати савдо ва рушди иқтисодии Тоҷикистон, дар сӯҳбат ибрози умедворӣ кард, ки боздиди Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои иқтисодии кишварро ба зинаи болотаре хоҳад расонд. Вай гуфт, ҳатто бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ҳам натавонистааст, ба мубодилоти мол миёни ду кишвар таъсири манфӣ гузорад.

Оқои Одинаев афзуд, “дар августи соли 2008 агар гардиши мол, 38,4 миллион долларро ташкил мекард, дар августи соли 2009 бошад, ин рақам ба 46,7 миллион доллар расид”.

Тоҷикистон, ки мисли Туркманистон соҳиби захираҳои фаровони нафту газ нест ва пойбанди гази табии ҳамсояи ҷанҷолиаш Ӯзбакистон мебошад, чашм ба захираҳои гази Туркманистон дӯхтааст. Ҳатто тарҳе бунёди лӯлаи газе вуҷуд дорад, ки бидуни убури қаламрави Ӯзбакистон, гази туркманиро аз тариқи қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон бирасонад, аммо ин лоиҳа бинобар серхарҷ буданаш сармоягузоре пайдо накардааст.

Сӯҳроб Одинаев ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар тиҷорат ва иқтисод ду кишвар ҳамеша забон ёфтаанд ва мушкиле нест, ки монеи тақвияти ҳамкориҳои ду тараф шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳам баъди мулоқот бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфтааст, ки наздикии дидгоҳҳо ва ё ягонагии мавқеи Тоҷикистону Туркманистон дар масоили минтақавӣ ва байнулмилалӣ барои рушди робитаҳои байни ду кишвар заминаи бисёр мусоид аст.

МУНОСИБОТИ ДӮСТОНА БО ДАРҲОИ БАСТА

Аммо бо вуҷуди ситоиши зиёди мақомоти ду кишвар аз ҳамкориҳо, воқеиятҳо вазъи дигарро ҳам нишон медиҳанд. Масалан, тоҷикону туркманҳо бидуни раводид ба кишварҳои якдигар рафта наметавонанд ва ҳатто бо вуҷуди наздикӣ хатсайри мустақими ҳавоӣ ҳам вуҷуд надорад, ки сафари шаҳрвандони ду кишвар ба қаламрави якдигарро осон намояд.

Марат Мамадшоев, хабарнигори тоҷик, мегӯяд, дар равобити миёни Тоҷикистону Туркманистон як тазод ба назар мерасад, бо вуҷуди саъйи раҳбарони ду кишвар барои наздикии равобит, дар сатҳи миёна ин саъйро намебинем. Марат Мамадшоев чунин мисол меорад.

Вай меафзояд, “масалан ошноҳои ман, ки аз Конибодом ва Хуҷанд ба Душанбе сафар мекунанд, мегӯянд, ки бисёр вақт онҳо дар марз бо Туркманистон шоҳиди мушкилоте мешаванд, ки дар марз бо Ӯзбакистон намебинанд. Кормандони гумруки Туркманистон омада ва назар бо ҳамтоёни ӯзбаки худ бо тоҷикон бадтар ва дуруштар рафтор мекунанд“.

ШАРИКИ ДУШАНБЕ ДАР БАҲСИ ОБ

Марат Мамадшоев мегӯяд, тарафдориҳои ҳукумати Туркманистон аз мавқеи Тоҷикистон дар заминаи баҳсҳои тақсими захираҳои об дар Осиёи Марказӣ аз пойбандии он кишвар ба рӯдхонаҳои фаромарзӣ аст, ки аз Тоҷикистон сарчашма мегирад. Дигар аз заминаҳои наздиктар шудани раҳбари Туркманистон ба Тоҷикистон ба гуфтаи вай, наёфтани шарики баробарвазн дар Осиёи Марказист.

Ба гуфтаи ӯ, “худи Туркманистон дарк мекунад, ки дар ҳамкорӣ масалан бо Ӯзбакистон ва ё Ислом Каримов, нақши дуввумдараҷаро хоҳад дошт, дурушттар гӯем, зери навои Ӯзбакистон хоҳад рақсид. Туркманистон бо дарки ҳамин чиз ҷидду ҷаҳд дорад, то ин вазъро тағйир бидиҳад. Туркманистон мефаҳмад, ки ба он шарокати баробарҳуқуқ даркор аст, аз ин рӯ талош дорад, то бо кишвари хурде ба мисли Тоҷикистон муносиботашро ба роҳ монад“.

Дигар ин ки ба гуфтаи Аркадий Дубнов, таҳлилгари рус, Туркманистон, ки бо захираҳои фаровони газу нафташ меболад, ҳоло мехоҳад, ба мисли як сарпарасте Тоҷикистони мӯҳтоҷ ба газу нафтро ба доираи манфиатҳои худаш дохил кунад.
XS
SM
MD
LG