Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Б.Текебоев: Кор дар Тоҷикистон ҳаловати хосса дорад


Бахитҷон Текебоев, раҳбари барномаи «К-Плюс»
Бахитҷон Текебоев, раҳбари барномаи «К-Плюс»

«К-Плюс» телевизиони мустақили иттилоотиву тафреҳии Осиёи Марказист, ки тавассути моҳвораву интернет барномаҳои худро 24 соат пахш мекунад.

Барномаҳои ин телевизион, ки ба забони русӣ пахш мешавад, дар бораи таҳаввулоти ахир дар Тоҷикистону Қирғизистон, Қазоқистону Ӯзбакистон ва Туркманистон гузоришҳо дода, рӯйдодҳои ҳаррӯзаи ин кишварҳоро хулоса мекунад.

Ин телевизион беш аз ду сол аст, ки дар моҳвораҳо арзи ҳастӣ карда, аллакай ба дили тамошобини зиёд роҳ ёфтааст. Бахитҷон Текебоев, раҳбари барномаи «К-Плюс», ахиран меҳмони дафтари радиои Озодӣ дар шаҳри Прага шуд ва мо имкон ёфтем бо ӯ дар бораи фаъолияти эҷодии ин телевизиони минтақаӣ сӯҳбат кунем, ки зимнан нахустин чунин як тарҳи телевизионӣ аст, ки таҳаввулоти кулли минтақаи Осиёи Марказиро бозгӯ мекунад.

Вай гуфт, студияҳои ин телевизион дар чаҳор шаҳр ҷойгир аст, вале кор бар асоси ҳамкорӣ бо ширкатҳои телевизионии маҳаллӣ дар ҳар ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст. Худи таҳиягаронаш мегӯянд, ки кори онҳо барои мардуми оддӣ равона шуда, ҳадаф ин аст, ки дар баробари баррасии ҷиҳатҳои хуби зиндагии мардум инчунин бо назари интиқодӣ ба масъалаҳои ҷомеаи ҳар кишвар бипардозанд. Ин барномаҳо ба забони русӣ таҳия мешаванд.

Саволи аввали ман аз Бахитҷон Текебоев ин буд, ки оё онҳо дар кори худ стратегияву хати маши хоссае доранд, ки онро бояд риоя кунанд?

-Мақсади асосии мо ин аст, ки ҳаддалимкон маълумоти воқеъбинонаву бетарафро пахш кунем. Фақат масъала ин ки баъзе вақт барои мо дарёфти маълумоти расмӣ хеле сахт аст ва аз ин ҷиҳат вазъи ҷумҳуриҳо чандон фарқ намекунад. Агар мо дар кори худ назари масалан фақат созмонҳои ҷамъиятиро диҳем, ё фақат мухолифонро – ин ҳам яктарафа мешавад. Ин як иштибоҳи мо ҳамчун як расонаи хабарӣ мешавад. Мо ҳамеша аз хабарнигоронамон талаб мекунем, ки назарҳои тарафдору мухолифро пахш кунанд ва хуб мешуд.ю агар мавқеи таҳлилгарону мутахассисон ҳам ҷо дошта бошад.

Суол: Аз рӯи мушоҳидаҳои ман, шумо маъмулан дар пахши хабарҳои дасти аввал ва ҳамаҷонибаи марбут ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Ӯзбакистон ва ба хусус Туркманистон мушкилӣ мекашед. Ҳангоми пахши хабарҳо аз ин кишварҳо маъмулан матолиби фарҳангию иҷтимоии сабук дода мешавад, наворҳои видеоӣ надоред ва хабарҳоро маъмулан танҳо бо аксҳо оро медиҳед. Мушкил дар чист?

-Мо дар Ӯзбакистону Тоҷикистон барои худ ширкатҳои ҳамкорро ҷустуҷӯ мекардем, ки бо мо кор кунанд. Мо дар ҳеҷ як кишвар дафтари намояндагӣ надорем, балки ширкатҳои ҳамкор дорем, ки дар ҳар кишвар чандтоӣ мебошанд. Дар Ӯзбакистон, мутаассифона, мо чунин ҳамкореро наёфтем, ки ба мо ба шакли ҳамзамон ва босуръат дар амни таъмини хабарҳо кӯмак кунад ва навор бардошта ба мо фиристад. Аз ин хотир, мо аз Ӯзбакистон аслан хабар дарёфт намекунем. Дар Туркманистон ҳам вазъият айнан мисли Ӯзбакистон аст. Дар Тоҷикистон ҳам мо ҳоло мушкили дарёфти хабарҳои ҳамзамон бо наворҳои видеоиро эҳсос мекунем. Яъне ҳар чизе, ки шумо аз ин ҷумҳурӣ мебинед, маълумоту хабар ба иловаи наворҳои бойгонӣ мебошаду халос. Феълан мешавад гуфт, ки мо барои худ шарики ҳамкоре пайдо накардем ва дар ояндаи наздик умедворам пайдо хоҳад шуд.

Суол: Ба ин тартиб, мешавад гуфт, ки аз назари шумо, шароити кор дар Қирғизистон ва Қазоқистон барои шумо сабуктар аст?

-Ба назари ман, масъалагузории ин ки шароити кор дар ин ё он кишвар осонтар аст, дуруст нест. Ҳар кишвар хусусиятҳои худро дорад. Ба наздикӣ, масалан, мо мусоҳибаи Роҳат Алиевро пахш карда будем, ки шумо медонед, дар Қазоқистон ҳатто барои мутолиаи китоби вай дар бораи Назарбоев ба маҳбас мекашанд. Аслан ин як чизи хандаовар аст, чунки ҳеҷ кас қазоқҳоро манъ намекунад, ки ба Туркия рафта, ин китобро дар ҳамон ҷо хонанд. Вале дуруст аст, ки дар Қирғизистон шароити кор нисбатан беҳтар аст. Чунки ин ҷо мақомот бозтар ҳастанд. Дар Қирғизистон, ки пул камтар аст, мақомот камтар фасодзада мебошанд ва аз ҳамин хотир самараи кори мудирият баландтар аст. Дар Тоҷикистон кор кардан як ҳаловати хосса дорад, чунки ин як кишвари серрангу бофарҳанг аст. Аз ин ҷо наворҳои видеоии хеле ширину зебое дарёфт мекунем. Масалан, яке аз ин гуна гузоришҳо дар бораи тарзи абрӯтозакунии занҳо нақл мекард. Ин гузориш чунон аҷибу зебо таҳия шуда буд, ки на фақат барои мо ҷолиб, балки барои аврупоиҳо, англисҳову немисҳо ҳам хеле хотирмон гузашт. Ин сужа дар хотирашон зиёд нақш баст, онҳо атрофаш баҳси зиёд карданд.

Суол: Шумо ду сол аст, ки дар бозори расонаҳои хабарӣ кор мекунед, мешавад гуфт, ҷои пои худро аллакай мустаҳкам кардед, чунки як чунин телевизиони дигаре мисли шумо дар ин минтақа амал намекунад. Оё мешавад гуфт, ки шумо ба ҳадафи ниҳоии худ расидед ва ё боз чизе барои гуфтан мондааст?

-Ҳамеша кас чизи бештар мехоҳад. Ҳоло барномаҳои мо ба забони русӣ пахш мешавад. Орзуи мо ин аст, ки ақаллан бахши хабарии ҳар кишвар ба забони миллӣ таҳияву пахш шавад, яъне барои Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ, барои Қазоқистон - ба қазоқӣ ва ғайра. Ҳоло мо корҳоро дар самти роҳандозии бахши хабарии барномаамон анҷом додем, ба истиснои Ӯзбакистону Туркманистон албатта. Ва дар марҳилаи баъдӣ мехоҳем, ки дар самти тақвияти бахши таҳлилии барномаамон кор кунем. Вазифаи аввали мо ироаи хабар аст ва баъд мехоҳем, ки дар атрофи он андеша кунем. Ва кори сеюме, ки мо карданӣ ҳастем, бар пояи бахши нави барномаамон таҳия мешавад, ки “Хабарнигори мардумӣ” ном дорад. Ин имкониятест барои ҳама сокинони Осиёи Марказӣ, ки дар барномаҳои мо иштирок кунанд. Барои ин фақат доштани телефони мобил ва интернет кифоят мекунад. Онҳо метавонанд ба мо навори видеоӣ фиристанду мо онро пахш мекунем.
XS
SM
MD
LG