Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама соҳиби Ҷоизаи Сулҳи Нобел шуд


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Ҷоизаи cулҳи Нобел барои соли 2009-ро имсол Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, соҳиб шуд.

Кумитаи Норвегии Ҷоизаи сулҳи Нобел гуфт, Барак Обамаро барои “талошҳои фавқулодааш ҷиҳати дипломатияи байнулмилалӣ ва ҳамкорӣ миёни инсонҳо” сазовори ин ҷоизаи мӯътабар донистааст.

Дар баёнияи кумита ҳамчунин “ба дидгоҳи Обама ва кораш барои ҷаҳони орӣ аз силоҳи атомӣ таъкид шудааст ва ҳамчунин омадааст, ки ӯ “фазои наве дар сиёсати байналмилалӣ офарид.” Дар идомаи баёнияи кумита омадааст, “бисёр нодир аст, ки шахсе ба вусъати Обама таваҷҷӯҳи ҷаҳонро ба худ ҷалб карда ва ба мардуми он умед барои ояндаи беҳтаре дода бошад”.

Ҷоизаи мазкурро бо васияти Алфред Нобел, ихтироъкори шинохтаи швед таъсис додаанд. Баръакси дигар ҷоизаҳои Нобел, ки пажӯҳишгоҳҳои мухталифи Шветсия тақдим мекунанд, барандаи Ҷоизаи Сулҳи Нобелро кумитаи панҷнафарии баргузида аз сӯи порлумони Норвегия эълон мекунад.
XS
SM
MD
LG