Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти сарони кишварҳои ИДМ дар Кишинёв


Имрӯз, 9-уми октябр, дар шаҳри Кишинёв - пойтахти Молдова нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.

Дар ин саммит раҳбарони ҳафт кишвари узви ин созмон, аз ҷумла раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев, ширкат мекунанд.

Дар ҳамоиш ҳудудан 20 масъала ба баррасӣ гирифта хоҳад шуд, ки марбут ба ҳамкориҳо дар масъалаҳои муқобила бо пайомадҳои бӯҳрони иқтисодӣ, ҳамкориҳо дар риштаи гуманитарӣ ва амният мебошад. Омодагиҳо ба таҷлили 65-умин солгарди пирӯзӣ дар ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ мавзӯи дигари мавриди баррасии ин нишаст мебошад.

Вале дар ин нишаст сарони чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Узбакистон ширкат нахоҳанд кард. Тоҷикистону Қазоқистон ба нишаст нахуствазирон ва Туркманистон муовини нахуствазири худро мефиристанд. Ҷониби Узбакистон аз ширкат дар нишаст худдорӣ кардааст.

Дар ҳоле, ки ҳамоиши сарони кишварҳои ИДМ дар Кишинёв оғоз меёбад, қарор аст, имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон як сафари корӣ анҷом бидиҳад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар сафари дурӯзаи худ ба Ишқобод якчанд мулоқоти дуҷониба бо намояндагони олирутбаи ин кишвар доир хоҳад кард.

Интизор меравад дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар баробари масоили ҳамкориҳои минтақаӣ ва дуҷониба, инчнунин мавзуи энержӣ низ баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG