Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун инфиҷор дар Кобулро маҳкум кард


Шӯрои амният ва Дабири Кулли СММ Бан Ки Мун инфиҷор дар канори сафорати Ҳиндустон дар Кобулро маҳкум карданд. Бар асари ин ҳамлаи террористӣ, ки дирӯз ба вуқуъ пайваст, 17 нафар кушта ва тақрибан 80 нафар маҷрӯҳ шуданд. Аксари қурбониёни ҳодиса мардуми осоиштаанд.
Дар изҳороти Шӯрои амнияти СММ гуфта шудааст, ҷунбиши “Толибон”, ки масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтааст, ҳамчунин шабакаи “Ал-Қоида” ва гурӯҳҳои ғайриқонунӣ барои амнияти Афғонистон хатари ҷиддӣ доранд.
Ҳамлаи террористии рӯзи панҷшанбе дуввумин ҳамла ба сафорати Ҳиндустон дар Кобул аст. Моҳи июли соли гузашта бар асари таркиши мошини бомбгузоришуда дар назди бинои сафорат 58 тан кушта ва беш аз 140 нафар захмӣ шуда буданд.
XS
SM
MD
LG