Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лӯлаҳоро кӣ таъмир мекунад?


Рафоат Ҷумъаева, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, муддати чанд моҳ аст, ки лӯлаи оби зери манзили онҳо хароб шуда, фишори баланди оби ошомиданӣ ба берун мерезад.

Ба гуфтаи ӯ, онҳо борҳо ба хадамоти манзилию коммуналӣ муроҷиат кардаанд, аммо бенатиҷа. Дар натиҷа, мегӯяд вай, маҷбур шудааст бо мабалғи худ лӯлаи харобшударо таъмир кунад. Рафоат Ҷумъаева аз ҷумла гуфт, ҳарчанд онҳо ҳар моҳ сари вақт ҳаққи хизмати хоҷагии манзиливу комуналиро пардохт мекунанд, аммо аз сӯи шӯъбаҳои ин ниҳод оддитарин шаклҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла, сари вақт тоза кардани партовгоҳҳову таъмиру пӯшонидани бомҳо ва лӯълаҳои об анҷом намешавад.

Масъулини раёсати манзилию коммуналии шаҳри Душанбе мегӯянд, бо қабул шудани қонуни нав оид ба нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил маъсулияти таъмири лӯлаҳои харобшудаи обу газ ва барқ ба дӯши худи шаҳрвандон вогузор мешавад. Яъне аз ин ба баъд, ба гуфтаи Рустам Бобокалонов, раҳбари ин раёсат, дар асоси қонуни қабулшуда ба истилоҳ “Созмони соҳибони манзилҳои баландошёна” таъсис мешавад, ки ба таъмиру тармими биноҳои истиқоматиро аз ҳисоби худи сокинони он ба ӯҳда мегирад.

Ин қонун дар ҳоле роҳандозӣ мешавад, ки норизоиятӣ аз кори хадамоти коммуналӣ дар ҷомеа хеле зиёд аст, ба вижа дар мавсими сармову зимистон, ки мардум аз обу барқ маҳрум шудаву, батареяҳои гармидиҳии манзилҳояшон баробар бо 18 соли истиқлол кор намекунанд. Ба гуфтаи сокинони пойтахт, то имрӯз аз ҷониби раёсати манзиливу коммуналӣ барои рафъи мушкилоти онҳо иқдоми чашмгире сурат намегирифт.

Бо ин ҳама, Рустам Бобокалонов, раҳбари раёсати манзиливу коммуналӣ мегӯяд, ин миқдор маблағе, ки аз сокинин чун ҳаққи хидматрасонии коммуналӣ гирифта мешавад, аз рӯи таруфаҳои камтарин таъйин шудааст ва барои поккории шабакаҳои канализатсия ё обҳои касиф, партовгоҳҳо ва таъмини қубурҳо бо оби поки ошомиданӣ пардохт мешаванд.
XS
SM
MD
LG