Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меҳргон фаро расид


Имрӯз дар Душанбе дар саҳни Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон ҷашни Меҳргон таҷлил шуд. Меҳргони имсола бо иштироки донишҷӯёну устодони ин донишгоҳ ва ҳамчунин сокинони шаҳри Душанбе баргузор гардид ва дар ҳошияи ҷашн навъҳои мухталифи меваҷоту сабзаҷот, ғалладона ва дигар дастовардҳои кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуд. Имсолро кишоварзони тоҷик чун як соли серҳосил унвон карда далели инро ҷамъоварии 1 миллиону 97 ҳазор тонна ғалла, фаровонии меваву сабзавот ва пастравии қимати ин маҳсулот дар бозорҳои кишвар мегӯянд. Меҳргон ҳамчун иди ҳосил ва деҳқон аз замони Зардушт таҷлил мешаваду зикри ин ҷашн дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ҳам рафтааст. Вале дар солҳои шӯравӣ мисли дигар ҷашнҳои мардумии тоҷикон, ба мисли Наврӯзу Садаву дигарҳо таҷлили он ҳамчун иди хусусияти анъанавиву мазҳабӣ дошта манъ буд.
XS
SM
MD
LG