Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаи падaру модар - макони хушунат ва озор?


Шодмон ва Саидмухтор, сокинони шаҳраки Шарораи ноҳияи Ҳисор мегӯянд, волидонашон аксари онҳоро барои иҷрои корҳои саҳро ва хоҷагидорӣ маҷбур мекунанд, чун худи онҳо низ ба ғайр аз истифода аз нерӯи кории фарзандон дастёри дигар надоранд. Дар сурати саркашӣ аз хоҳишу фармони волидон, ба гуфти бачаҳо, онҳо бо усулҳои мухталиф муҷозот хоҳанд шуд.

Шодмон мегӯяд, бархеро агар аз харидории ашёҳои мактаб ё дигар чизи дилхоҳ маҳрум созанд, нафари дигарро ҳатман ҷангу ҷанҷол ва ҳатто озори ҷисмонӣ интизор хоҳад буд. Ба гуфти Шодмону Саидмухтор, дар баробари оила бисёре аз хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар мактаб ҳам мавриди зуроварӣ қарор мегиранд. Мусоҳибонам меафзоянд, дар мактаб дар сурати иҷро накардани вазифаҳои хонагӣ ва вайрон кардани қоидаҳои дохилии он дар бисёр маврид аз ҷониби омӯзгоронашон мавриди латукӯб қарор мегиранд.

Дар ҳисоботи ахири Юнисеф низ омадааст, ки беш аз 50 дарсади атфоли Тоҷикистон мавриди озори рӯҳӣ ва ҷисмонӣ қарор мегиранд. Дар ҳисобот омадааст, оила метавонад барои кӯдак ҷойи аз ҳама безарар ва амн бошад, аммо дар навбати худ оила метавонад, ҷое бошад, ки дар он кӯдак дар як шакли воситаи тарбия хушунат бинад.

Дар ҳамин замина, бархе аз ҷомеашиносони тоҷик мегӯянд, фарҳанги шарқӣ тарбияи кӯдаки бонизом ва фармонбардори волидонро талқин медиҳад ва бо ҳадафи ислоҳи тифл ҷазо додани ӯ ҳам, ки ба назари аврупоиён зӯроварӣ аст, хушунат маҳсуб намеёбад. Аммо Ҳангвей Гао, раҳбари бунёди атфоли СММ Юнисеф мегӯяд, истифодаи озори сахти ҷисмониву маънавӣ ба кӯдак хушунат аст.

Сӯистифода аз меҳнати кӯдакон масъалаи дигарест, ки ҳомиёни ҳуқуқи атфолро дар саросари ҷаҳон нигарон кардааст. Хонум Ҳангвей Гао гуфт, аҳдномаи ҳуқуқи кӯдак маҷбур кардани наврасон ба корҳои сахте, ки ба инкишофи ҷисмониву рӯҳии онҳо таъсири манфи расонида, онҳоро аз таҳсил дур мекунад, манъ кардааст. Дар ҳамин ҳол, Хадиҷаи 17-сола, сокини ноҳияи Ҳисор, мегӯяд, тамоми кори хона ба дӯши ӯву хоҳаронаш ҳаст ва онҳо ба ғайр аз кӯмак ба волидон дар пахтачинӣ дигар чорае надоранд. Кори онҳо аз соати 6-и субҳ оғоз мешавад, гуфт Хатича.

Ҳомиёни ҳуқуқи кӯдак мегӯянд, дар ҳоле ки дар Тоҷикистон шумори бекорон ба маротиб зиёд аст, кӯдакон набояд ба корҳои сахти саҳро маҷбур карда шаванд. Ҳукумат бояд барои ташкил ва ҷалби дурусти аҳолӣ ба кор чораҳои заруриро андешад.

Дар ҳисоботи рушди атфол ва ҳимояи онҳо, ки соли ҷорӣ ба табъ расид, Юнисеф ба мушкили издивоҷи бармаҳали кӯдакон дар кишварҳои фақир низ таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст. Хонум Гао, раҳбари Юнисеф дар Тоҷикистон, мегӯяд, дар ин кишвар низ волидон фарзандони худро бо сабабҳои мухталиф, ба вижа камбизоатӣ, аз синни 15 то 17-сола ба шавҳар медиҳанд. Ҳангвей Гао гуфт, дар соли 2005 беш аз 6 дарсади духтарони аз 15 то 19-сола оила бунёд кардаанд. Ин омор дар соли 2007 ба 8, 5 дарсад расидааст.

Мавриди зикр аст, ки бо ҳадафи пешгирӣ аз ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи кӯдакон бунёди атфоли СММ дар Тоҷикистон бо ҳамкорӣ бо парлумони кишвар мехоҳад ба кодекси оилаи Тоҷикистон тағйирот ворид созад. Хонум Гао мегӯяд, кодекси оилаи кишвар дар мавриди ҳимояи ҳуқуқи атфол боби махсус надорад ва маъмулан он бандҳои қонуне, ки ҳимоятгари ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон аст, дар кодексҳои мухталиф парокандаанд. Аз ин рӯ, онҳо тавсия медиҳанд, ки ҳуқуқҳои кӯдакон дар боби алоҳида ишора шавад. Ин кори ҳуқуқшиносонро осон мекунад ва ҳуқуқҳои кӯдакон беҳтар риоя хоҳанд шуд, гуфт Ҳангвей Гао.
XS
SM
MD
LG