Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама бо мушовиронаш мулоқот орост


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, бо мушовирони аршади амниятӣ, низомӣ ва сиёсиаш мавзӯи стратегияи кишвар дар қиболи Афғонистон ва Покистонро баррасй кард. Дар ин нишаст тақрибан 15 тан аз мушовирон, ба шумули вазири умури хориҷа Ҳилларӣ Клинтон ва вазири дифоъ Роберт Гейтс ширкат доштанд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар ин мулоқот асосан мавзӯъи интиқоли нерӯҳои иловагӣ ба Афғонистон баррасӣ шуд. Айни ҳол дар ин кишвар 60 ҳазор афсару сарбози амрикоӣ мустақаранд.
XS
SM
MD
LG