Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозот барои қиссаҳои ошиқона?


Додгоҳи Арабистони Саъудӣ як марди 32-соларо ба панҷ соли маҳбас ва ҳазор зарбаи тозиёна маҳкум кард. Ин мард дар як барномаи телевизионӣ аз қиссаҳои ошиқонааш қабл аз издивоҷ ёдовар шудааст. Додгоҳ ӯро дар тарғиби фисқу фуҷур муттаҳам намуд. Се тан аз ширкаткунадагони дигари ин барномаи телевизионӣ ба сесад зарбаи тозиёна маҳкум шуданд ва ҳамчунин ду соли умри худро дар чаҳордевори зиндон сипарӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG