Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як низомии испанӣ дар Ҳирот


Дар Афғонистон як сарбози испанӣ кушта ва панҷ низомии дигар маҷрӯҳ шуданд. Мошини онҳо дар вилояти Ҳирот, воқеъ дар шарқи Афғонистон, ба минаи канори роҳ бархурд ва инфиҷор кард. Ба ҳайати нерӯҳои байнулмилаллии таъмини амният дар Афғонистон 800 афсару сарбоз аз Испания шомиланд. Чанде қабл ҳукумати ин кишвар тасмим гирифт, ки боз 200 низомии худро ба Афғонистон фиристад.
XS
SM
MD
LG