Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаҳои радиоӣ барои Абхазия ва Асетияи Ҷанубӣ


Радиои Аврупои Озод, радиои Озодӣ эълон кардааст, ки пахши барномаҳои радиоӣ барои ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Гурҷистон, яъне Асетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро аз моҳи ноябри соли ҷорӣ ба нақша гирифтааст. Барномаи 60 дақиқаӣ барои ин ҷумҳуриҳо аз Прага пахш мешавад ва дар таҳияи он рӯзноманигорон аз Прага, Гурҷистон, ба шумули Асетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон саҳм хоҳанд дошт. Ин барнома ба забони русӣ таҳия ва рӯи мавҷи кӯтоҳ ҳар рӯз шомгоҳон пахш мешавад. Барнома рӯи мавҷи FM низ қобили дарёфт аст. Ин брномаи яксоата хабарҳову таҳлилҳо ва мусоҳибаҳо бо шунавандагонро дар бар хоҳад гирифт. Ҳамзамон бо ин барнома сомонаи интернетии он бо номи "Акси садои Қафқоз" фаъол хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG