Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Боқиев ва Наришкин пушти дарҳои баста


Сергей Наришкин, раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Русия
Сергей Наришкин, раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Русия

Сергей Наришкин, раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Русия, дар Бишкек аз тарафи президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ба ҳузур пазируфта шуд.

Ин мулоқот пушти дарҳои баста сурат гирифт. Ба иттилои расонаҳои мустақил, масъалаҳое, ки президент Боқиев ва ин мақоми баландпояи Русия баррасӣ карданд, ба масъалаи тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни Русияву Қирғизистон тамаркуз ёфт. Ба таъкиди ин манобеъ, дар ҷараёни гуфтушунид ҷонибҳо мавзӯъҳои нерӯи барқ ва муҳоҷиратро низ мавриди баҳс қарор доданд.

Сергей Наришкин баъди ин мулоқот ба хабарнигорон гуфт, ки дар ҳамин ҳол коршиносони Русияву Қирғизистон ба таҳияи созишномае масруфанд, ки ин созишнома мақоми ҳузури нерӯҳои кишвараш дар қаламрави Қирғизистон ва аз кадом шароит бархурдор шудани онҳоро муайян хоҳад кард.

Вай афзудааст, ки ҳамкориҳои Русияву Қирғизистон дар бахшҳои низомиву сиёсӣ омили муҳим дар мавриди таъмини амнияту субот дар Қирғизистон ва тамомияти Осиёи Марказӣ мебошад.

Моҳи августи соли равон Дмитрий Медведев ва Қурмонбек Боқиев, раисони ҷумҳури Русияву Қирғизистон, дар чаҳорчӯби нишасти ғайрирасмии Паймони амнияти дастаҷамъӣ як меморандум имзо карда буданд, ки гуфта мешавад, истиқрори артиши иловагии Русияро дар қаламрави Қирғизистон мадди назар дошт.

Сергей Наришкин таъкид кард, ки кишвараш аз ҷалби муҳоҷирони қирғиз низ манфиатдор аст. Ба гуфтаи вай, вале барои ҳимояти иҷтимоии ин муҳоҷирон дар Русия бояд шароити созгор муҳайё кард.

Қубан Абдумен, як коршиноси масоили сиёсии қирғиз, бар ин ақида аст, ки гуфтушунидҳои миёни Русияву Қирғизистон хеле тӯл кашид. Вай мегӯяд, ду миллиард долларе, ки Русия ба Қирғизистон ихтисос додааст, ба масъалаи хеле мубраму ҷиддӣ табдил ёфтааст.

Коршинос гуфт, дар Молдова нишасти сарони кишварҳои узви СНГ баргузор хоҳад шуд ва Русия итминон ҳосил карданист, ки оё ҷониби Қирғизистон барои ифтитоҳи пойгоҳи дуввум дар минтақаи ҷануби ин кишвар мусоидат хоҳад кард ё на.

Ба гуфтаи коршиносони дигар, Русия дар ивази мустаҳкам шудани мавқеи худ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ ба Қирғизистон ваъда додааст, ки бунёди нерӯгоҳи барқи Қамбарота-1 дар болои рӯдхонаи Норинро сармоягузорӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол Зокир Сариев, раиси иттиҳодияи муҳоҷирони қирғиз дар ҷумҳурии Тотористон, мегӯяд, ки мақомоти Русия аз ифтитоҳи пойгоҳи дуввуми низомӣ дар минтақаи ҷануби кишвараш пеш аз ҳама таъмини амнияти худро мадди назар гирифтаанд.

Ба гуфтаи ӯ, агар минтақаи ҷануби Қирғизистон ба таҳдиди гурӯҳҳои тундрави исломӣ мувоҷеҳ шавад, шубҳае нест, ки аз ин таҳдид Русия низ ҷабр хоҳад дид. Ин манбаъ гуфт, ба ақидаи ӯ яке аз далоили дар минтақаи ҷануби Қирғизистон мустақар намудани нерӯҳои рус маҳз аз ҳамин ҷо маншаъ гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки Қодирбек Сарбаев, вазири хориҷаи Қирғизистон, бо як сафари корӣ озими Вошингтон шудааст ва бо мақомоти амрикоӣ вориди гуфтушунид аст. Гуфта мешавад, ки вай равобити кишвараш бо Амрикоро баррасӣ мекунад.

Аммо иддае аз коршиносон сиёсати хориҷии Қирғизистонро сиёсати ноустувор арзёбӣ кардаанд. Ба гуфтаи ин коршиносон, мақомоти қирғиз то ҳадде саргарми бозиҳои сиёсӣ шудаанд, ки маълум нест, ин бозиҳо мавқеи Қирғизистонро дар арсаи байнулмиллалӣ коҳиш хоҳанд дод ва ё эътибори ин кишварро боло хоҳанд бурд.
XS
SM
MD
LG