Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тантавӣ ба духтарон пӯшидани ниқобро манъ кард


Имом-акбари Масҷиди Ал Азҳар ва шайхи Донишгоҳи Ал Азҳар Муҳаммадсайид Тантовӣ имрӯз дар сӯҳбат ихтисосӣ бо радиои Озодӣ аз амри худ оиди манъи пӯшидани ниқоб дар мактабҳои духтаронаи ин донишгоҳ ҳимоят кард ва гуфт, ки он ба мактабҳои духтарона дахл дорад, ки дар он шогирдон ҳама духтару омӯзгорон ҳам ҳамагӣ зан ҳастанд. Ӯ аснои зиёрат аз мактабҳои донишгоҳ ҳафтаи гузашта чунин як амреро содир кард. Имрӯз ин амр дар парлумони Миср сару садои зиёде ба бор оварда баъзе вакилони ифротгаро истеъфои ӯро талаб карданд. Хабарнигори Озодӣ дар Душанбе аз шайх Тантавӣ пурсид, ки баъзеҳо Исломро бо терроризм рабт медиҳанд, мавқеи ӯ дар ин замина чист. Вай гуфт:

“Ҳеҷ яке аз оқилон ва бофарҳангон нагуфтааст, ки ислом ба терроризм ва харобкорӣ алоқае дорад. Терроризм, маънои тахрибкорӣ, маънои ҳаёти мардуми осоиштаро ноором кардан дорад, ки ин амал аз ҷониби тамоми динҳои осмонӣ ва ҳамчунин аз ҷониби ақли башарият маҳкум мешавад”.

Шайх Муҳаммадсаид Тантавӣ яке аз меҳмонони баландпояи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар анҷумани байналмилалии бахшида ба Имоми Аъзам аст, ки ахиран дар Душанбе ҷараён гирифт.
XS
SM
MD
LG