Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари СММ таркиши Исломободро шадидан маҳкум кард


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ки-мун ҳамлаи худкушона ба бинои Барномаи хӯроквории Созмони Милал дар пойтахти Покистонро маҳкум кард ва онро як ҷинояти зишт номид. Полиси Покистон мегӯяд, дар ин таркиш дар наздикии бинои намояндагии Созмони Милал дар Исломобод ба камияш чаҳор нафар ба ҳалокат расида, чандин тани дигар захмӣ шудаанд. Полис мегӯяд, яке аз кушташудагон ироқӣ мебошад. Созмони Милал пас аз ин ҳамла кори дафтарҳои худро дар Покистон қатъ кард. Дафтари матбуоти ҳукумати Покистон мегӯяд, сарвазир Юсуфризо Гелонӣ ҳамларо шадидан маҳкум кард ва талаб дорад, ҷиноят таҳқиқ гардад. Дафтари Барномаи хӯроквории Созмони Милал дар Исломобод ба расондани кӯмакҳои ғизоӣ ба бехонумоншудагони манотиқи шимолу ғарби машғул буд. Бар асари даргирии нерӯҳои мусаллаҳи Покистон бо ситезаҷӯёни толиб дар ин манотиқ ҳазорон нафар маҳалли зисти худро такр кардаанд.
XS
SM
MD
LG