Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони ҷоизаи Нобел дар соҳаи тиб


Бунёди ҷоизаи Нобели Каролинска, институти Стокҳолм, се донишманди муқими ИМА-ро барандаи аввалин ҷоизаи имсолаи Нобел дар соҳаи тиб номид.

Ҷоизаи имсолаи Нобел дар бахши тиб ба се донишманди муқими ИМА: хонумон Элизабет Блекбурн ва Керол Грейдер ва ҳамчунон Ҷек Шостак барои кашфи механизми муҳофизати энзима ё ва фермент, ки тақдим мешавад. Хонум Блекбурн зодаи Австралия ва Шостак зодаи британия мебошанд.

Горан Ҳансон, намояндаи Бунёди Нобел дар Донишгоҳи Каролинскаи Стокҳолм ба назди хабарнигорони мунтазир баромада, аз ҷумла гуфт, кашфи се донишманд яке аз мушкилиҳои ҷиддитарини илми биологияро ҳал намудааст, он ҳам тариқи нусхабардории комили хромосомаҳо ҳангоми тақсимшавии ҳуҷайраҳо мебошад, ки аз маҳви хромосомаҳо ҷилавгирӣ мекунад. Ин кашфи се донишманд дар таҳқиқи муолиҷаи бемории саратон ва пиршавии инсонҳо кумак мерасонад.

Дар паи эълони ҷоизаи Нобел дар соҳаи тиб рӯзи 6-уми октябр, барандаи соҳаи физика, 7-ум-химия, 8-ум адабиёт ва 9-уми октябр барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел эълон мешаванд.

Рӯзи душанбеи оянда барандаи ҷоизаи соҳаи иқтисод ошкор хоҳад шуд, ки он ҷоизаи ба номи Нобел унвон дошта, аз ҷониби бонки Шветсия тақдим мегардад.

Маблағи яке аз ҷоизаҳои Нобел ба 10 миллион кронаи шведӣ ва ё як миллиону чорсад ҳазор доллари амрикоӣ баробар аст. Вақте баранда аз як нафар бештар аст, маблағи он дар байни барандаҳо тақсим мешавад.

Ҳар сол Бунёди Нобел номи барандаҳоро то лаҳзаи охирин пинҳон намуда, роҳро ба ҳар гуна овозаҳо боз мекунад, ба хусус дарм авриди ҷоизаҳои соҳаи адабиёт ва сулҳ. Баъзе шореҳон ҳадс мезананд, ки имсол адиби испанизабони муқими Перу Марио Варгас Лоза ба гирифтани ҷоизаи Нобел дар адабиёт ноил хоҳад шуд. Дар масъалаи ҷоизаи сулҳи Нобел бошад, довталаб фавқулода зиёд: 205 нафар ва аз ҷумла президенти ИМА Барак Обама ва раисҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ будааст.

Зимнан, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел тибқи анъана на дар Стокҳолм, балки дар Осло эълон мешавад. Солҳои ҳаёти Нобел Норвегия ҷузъи Швестия буд. Аслан ҷоизаи Нобел дар соли 1901 баро пояи васиқаи ихтироъкори шведӣ Алфред Нобел: кошифи динамит номгузорӣ шудааст. Нобел гуфтааст, ҷоизаро ба афроде диҳанд, ки ба нафъи инсоният талош варзидаанд.
XS
SM
MD
LG