Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5-уми октябр – бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2009


Имрӯз, 5-уми октябр, соати 15 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2009 оид ба футбол барпо мегардад.

Барои бори аввал ду дастаи пойтахти кишвар – «Истиқлол» ва ССКА «Помир» - дар бозии ниҳоӣ ширкат хоҳанд кард.

Дар 17 мусобиқаи пешин, шурӯъ аз соли 1992, нӯҳ даста барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидаанд. Аз ҳама бештар – 4 бор дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода Ҷомро ба даст овардааст.

Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд се бор, тимҳои «Варзоб»-и Душанбе, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ соҳиби Ҷом шудаанд.

Дастаҳои «Помир»-и Душанбе, «Ситора»-и Душанбе, «Равшан»-и Кӯлоб ва «Пахтакор»-и Ҷаббор Расулов якборӣ барандаи Ҷом гаштаанд.

Дастаи «Помир»-и Душанбе аввалин барандаи Ҷоми Тоҷикистон (соли 1992) ба шумор меравад.

Соли 2008 дастаи «Хуҷанд» дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар майдони худ тими «Энергетик»-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 мағлуб карда буд.
XS
SM
MD
LG