Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушнудии Аврупо аз раъйпурсии Ирландия


Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо Ирландияро барои тарафдориаш аз Аҳдномаи Лиссабон табрик гуфтаанд, ки раъпурсии умумӣ дар мавриди он рӯзи ҷумъа баргузор шуд. Хосе Мануэл Барросо – раиси Кумиссиёни Иттиҳодияи Аврупо, бо табрик ва изҳори сипос аз мардуми Ирландия гуфт, “Имрӯз, рӯзи бузург барои Ирландия ва рӯзи бузург барои Аврупост”. Ангела Меркел – садри аъзами Олмон, ҳам раъйпурсии Ирландияро қадами пеше барои Иттиҳодияи Аврупо хондааст. Бино ба натиҷаҳои ғайрирасмӣ, аз раъйпурсии Ирландия дар мавриди Аҳдномаи Лиссабон, мардуми ин кишвар ба ҷонибдории аҳднома раъй додаанд. Натиҷаҳои ниҳоии раъйпурсӣ шоми имрӯз эълом мешавад. Аҳдномаи Лиссабон тасмимгириҳо дар Иттиҳодияи Аврупоро осонтар мекунад, ки 27 узв ва аҳолии тақрибан ним миллиард нафарӣ дорад. Раъйпурсии соли гузашта дар Ирландия барои Иттиҳодияи Аврупо такондиҳанда буд, зеро мардуми он кишвар муқобили аҳднома раъй дода ва иҷрои онро ба таъхир андохтанд.
XS
SM
MD
LG