Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ирландиҳо тарафдори Аҳдномаи Лиссабон


Бино ба натиҷаҳои ғайрирасмӣ аз раъйпурсии умумии Ирландия дар мавриди Аҳдномаи Лиссабон, мардуми ин кишвар ба ҷонибдории аҳднома раъй додаанд. Майкл Мартин – вазири умури хориҷаи Ирландия, гуфт, бар асоси назархоҳиҳо, интизор дорад, ки раъйпурсии умумӣ барои тарафдорони Аҳдномаи Лиссабон “пирӯзии мутақоидкунандае” хоҳад овард. Натиҷаҳои ниҳоии раъйпурсӣ шоми имрӯз эълом мешавад. Аҳдномаи Лиссабон тасмимгириҳо дар Иттиҳодияи Аврупоро осонтар мекунад, ки 27 узв ва аҳолии тақрибан ним миллиард нафарӣ дорад. Иттиҳодияи Аврупо умедвор аст, ки се миллион раъйдиҳандагони Ирландия ин дафъа ба ҷонибдории Аҳдномаи Лиссабон раъй хоҳанд дод. Раъйпурсии соли гузашта дар Ирландия барои Иттиҳодияи Аврупо такондиҳанда буд, зеро мардуми он кишвар муқобили аҳднома раъй дода ва иҷрои онро ба таъхир андохтанд.
XS
SM
MD
LG