Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Покистон аз кӯмакҳои Амрико


Давлати Покистон аз бастаи кӯмакҳои иқтисодии Иёлоти Муттаҳида ба ин кишвар ибрози хушнудӣ кард. Барномаи панҷсолаи ироаи кӯмаки ҳафтуним миллиардолларӣ ба Покистон рӯзи чаҳоршанбе дар Конгресси Амрико тасвиб шуд. Кӯмакҳои молии мазкур барои бунёди роҳҳову макотиб ва институтҳои демократӣ дар Покистон пешбинӣ шудааст. Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ - вазири умури хориҷаи Покистон, ки барои мулоқот ба шаҳри Вашингтон сафар кардааст, гуфт, кишвараш аз кӯмаки Амрико қадрдонӣ мекунад, бахусус дар замоне, ки худи Иёлоти Муттаҳида гирифтори мушкилоти иқтисодист.
XS
SM
MD
LG