Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи Обама барои бозиҳои олимпии Чикаго


Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама гуфт, ки шаҳри Чикаго барои мизбонии бозиҳои олимпии соли 2016 омода асту инро хеле зиёд мехоҳад. Обама дар ин бора дар нишасти Кумитаи байналмилалии Олимпӣ дар Копенҳагени Дания сӯҳбат кард ва гуфт:

“Ман аз шумо тақозо мекунам, ки Чикагоро интихоб кунед. Ман тақозо мекунам, ки Амрикоро интихоб кунед. Ва агар шумо ин тасмимро бигиред ва агар мо ҳамроҳ аз ин роҳ қадам занем, ман бароятон як чизро ваъда медиҳам, ки шаҳри Чикаго ва ИМА ҷаҳонро сарфароз хоҳад кард”.

Имрӯз қарор аст Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар миёни шаҳрҳои Чикаго, Токио ва Рио-де-Жанейро якеро чун шаҳри мизбони бозиҳои олимпии соли 2016 интихоб кунад. Обама нахустин раиси ҷумҳурии Амрико аст, ки аз кумитаи олимпӣ шахсан дархости пазируфтани номзадии як шаҳри амрикоиро барои бозиҳои варзишӣ мекунад. Ӯ, ки зодаи Ҳавайӣ мебошад, Чикагоро чун зодгоҳи худ дӯст медорад. Қабл аз суханронии президент ҳамсари ӯ хонум Мишел Обама ҳам айнан бо чунин дархост суханронӣ кардааст. Дар нишасти имрӯзаи Копенҳаген қарор аст нахуствазири Ҷопон Юкио Ҳатояма, шоҳи Испания Ҳуан Карлос ва президенти Бразилия Луис Инасио Лула да Силва иштирок хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG