Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бемории рӯҳӣ – омили аслии худкушӣ?


Дар ҳоле ки дар соли равон аз ҳодисаи худкушии беш аз 100 нафар дар вилояти Хатлон иттилоъ дода мешавад, баҳсу баррасиҳои мақомоти зирабти минтақа на рӯйи афзоиши ин шумора, балки бар сари омилҳои худкушии шаҳрвандон боло хестааст.

Агар ҳам мақомоти прокуратура ва милисаи Хатлон рӯи ин нукта таъкид мекунанд, ки бахши аъзами нафарони худкушикарда мубтало ба бемории рӯҳӣ будаанд, пизишкон ва идораи ҳифзи тандурустии Хатлон ин иддаоҳоро рад карда, мегӯянд, ки мақомот омилҳои аслии чунин ҳаводисро амиқан таҳқиқ накардаанд.

Ба гуфтаи Офоқ Қодириён, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, дар 60 мавриди худкушӣ собит шудааст, ки ҳалокшудаҳо гирифтори бемории рӯҳию равонӣ будаанд. Сабабҳои дигари ҳодисаҳои худкушӣ ҳамчунин муноқишаҳои хонаводаӣ, мушкилоти иҷтимоӣ ва нодорӣ хонда мешавад.

Дар 60 мавриди худкушӣ собит шудааст, ки ҳалокшудаҳо гирифтори бемории рӯҳию равонӣ будаанд. Сабабҳои дигари ҳодисаҳои худкушӣ ҳамчунин муноқишаҳои хонаводаӣ, мушкилоти иҷтимоӣ ва нодорӣ номида мешавад ...
Ва аммо иддае аз коршиносон бар ин назаранд, ки бо «бемори рӯҳӣ» шинохта шудани нафари худкушикарда, мақомоти интизомӣ аз масъулияти ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ ва кофтукоби омилони таҳрикдиҳандаи нафари марҳум ба худкушӣ парҳез мекунанд. Аммо иллати аслии сар задани чунин ҳаводис бештару пештар аз ҳама тангдастиву нодорӣ ва авҷ гирифтани мушкилоти хонаводаӣ будааст.

Дар ҳамин ҳол, пизишки асабшиноси беморхонаи шаҳри Қӯрғонтеппа Аъзамҷон Мирзоматов, мегӯяд, бемориҳои вобаста ба асаб ҳеҷ гоҳ сабаби худҳалоккунӣ гашта наметавонад. Ҳамин гуна, пизишкон ва ҷомеашиносон таъкид мекунанд, ки омилҳои қасди ҷони худ намудани мардум, паст будани сатҳи зиндагӣ, тафаккури шаклногирифтаи наврасону ҷавонон, беҳудуд поймол шудани ҳуқуқ ва рӯзгори сангину нодорӣ мебошад.

Таҳлилгари дигаре, ки дар гузашта корманди милиса буд ва нахост номаш ифшо шавад, гуфт, дар робита ба ҳодисаҳои худкушӣ мақомот аксари вақт моил ҳастанд, ки таҳқиқи сабаби онро ҷиддӣ нагиранд. Аз ин ҷост, ки танҳо дар пайи камтар аз 10 дарсади чунин ҳодисаҳо парвандаҳо ифтитоҳ мешаванд.

Ҳамчунин ӯ мегӯяд, аксари ҷасадҳо кушода нашуда, сабаби марги афроди худкушикарда муайян намешавад ва дар бештари маврид танҳо аз рӯйи нишондоди шахсоне, ки ҷабрдидаро ба худкушӣ расонидаанд, ҳодиса арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG