Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии низомиён аз таҳаввулоти Афғонистон


Як фармондеҳи аршади Амрикову НАТО дар Афғонистон ҳушдор дод, ки муқовимати шӯришиён то рафт афзоиш ёфта пешрафтҳоеро дар мубориза зидди Толибон набояд содда гирифт. Генерал Стенли Маккристал дар сӯҳбат бо як маҳфили низомиён дар Лондон гуфт, ки вазъ хеле ҷиддӣ аст ва фурсат аз даст меравад:

“Хушунат афзоиш меёбад, чунки шӯришиён фаъолтар мешаванд. Мо бояд раванди феълиро тағйир диҳем, то ки фурсат аз даст наравад. Интизорӣ маънои расидан ба натиҷаи дилхоҳро надорад. Ин талошҳо мусалламан ҳаргиз ба пирӯзӣ нахоҳанд расонд”.

Маккристал дар як гузориши батозагӣ дастраси матбуот шуда ҳушдор медиҳад, ки ҷанги зидди Толибон дар фурсати як сол ба анҷом намерасад, магар ин ки даҳҳо ҳазор нирӯҳо барои муқовимат сафарбар шаванд. Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама ҳоло бо баргузории як силсила музокираҳо бо коршиносони сиёсиву таҳлилгарон саргарм аст, ки бо кадом роҳ стратегияи Афғонистон тағйир дода шавад.
XS
SM
MD
LG