Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаҳои Амрикову Эрон як ба як мулоқот мекунанд?


Мақомоти Амрико мегӯянд, имкон дорад дар ҷараёни музокироти Женева роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон намояндаи Амрико ва намояндаи Эрон мулоқоти дуҷониба анҷом диҳанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, Виллям Бурнз-муовини вазири умури хориҷаи Амрико ва сарпарасти ҳайати Амрико дар ин музокирот бо Саид Ҷалилӣ-раҳбари ҳайати музокироти Эрон як ба як гуфтугӯ мекунанд. Ба ақидаи оқои Бурнз, ин кор метавонад ба раванди музокирот суръат бахшад. Аммо мақомот мегӯянд, ҳеҷ гуна гуфтугӯ барномарезӣ нашудааст. Эрону Амрико аз соли 1980 ба ин сӯ бо якдигар муносиботи расмии дипломатӣ надоранд.
XS
SM
MD
LG