Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

200 нафар дар зилзилаи Суматра кушта шудаанд


Мақомоти ниҳодҳои изтирории Индонезия мегӯянд, дар натиҷаи заминларзаи шадид дар ғарби минтақаи Суматра дастикам 200 нафар кушта шудаанд. Сухангӯи ожонси умури изтирорӣ гуфтааст, ин миқдор шумораи кушташудагон дар шаҳри соҳилии Паданг сабт шудааст. Дар ин шаҳр баъд аз заминларзае бо шиддати 7,6 дараҷаи ҷадвали рихтер тақрибан 500 хона хароб шудааст. Заминларза рӯзи чаҳоршанбе рух дод. Мақомот мегӯянд, амлиёти имдодрасонӣ ба осебдидагон ба таври густарда идома дорад.
XS
SM
MD
LG