Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни "Панҷ ситора.Интервидение" боз ба таъхир афтод


Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон эълон кардааст, ки омодагӣ ба озмуни «Панҷ ситора, Интервидение-2009 », ки қарор буд, моҳи октябр дар Душанбе баргузор шавад, мавқуф гузошта шудааст. Раиси ин кумита Асадулло Раҳмонов ба хабаргузориҳо гуфтааст, ин маънои комилан баргузор нагаштани озмуни «Панҷ ситораи Интервидения»-ро дар Тоҷикистон надорад ва агар то охири моҳи октябр масъалаҳои молӣ ҳалли худро наёбад, қарор аст, озмун ба соли 2010 гузаронида шавад. Навбати баргузории ин озмуни овозхонҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва ҷумҳуриҳои назди Балтик дар Душанбе соли гузашта, пас аз пирӯзии Таҳмина Ниёзова дар он насиби Тоҷикистон гашта буд.
XS
SM
MD
LG