Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Инқилоби ором» таҳдид мекунад


Амирхон Алиев, ки 70 сол дораду, аллакай ба синни нафақа расидаааст, мехоҳад боз машғулияти дигар ҳам дошта бошад.

Ба гуфти ӯ, сарфи назар аз он ки тибқи қонунгузорӣ ӯ ба нафақа расидааст, аммо шароити моддии феълии кишвар нафақахӯронро низ маҷбур мекунад, ки дар ҷомеа фаъолият дошта бошанд. Вай мегӯяд, «ҳарчанд ба нафақа расидаам, мехоҳам он корҳое, ки аз дастам меояд, анҷом диҳам ва ба иваз ягон музди кам ҳам гирам. Агар чунин марказҳо таъсис шаванд, вазъи моддӣ ва маънавии моро беҳтар мекунанд. Дар ин ҳолат мо пиронсолон камтар зиқ мешавем ва хиҷолат мекашем, ки тайёрхӯр ҳастем».

Дар Тоҷикистон шумораи нафақахӯрон беш аз 100 ҳазорро ташкил мекунад, ки шумори зиёди онҳо дар вазъи начандон хуби молӣ қарор доранд. Нафақаи ҳадди ақалли пиронсолон ҳамагӣ аз 60 то 120 сомониро ташкил медиҳад, ки ба арзиши 1 халта орд баробар аст.

Нафақахӯр Алина, ки 5 сол пеш ба нафақа баромадааст, мегӯяд, давлат наметавонад онҳоро аз ҳисоби буҷа бо нафақаи қонеъкунанда таъмин намояд. Сониян, сол то сол теъдоди ин афрод дар ҷомеа зиёд мешавад ва намешавад, ки ҳамаи онҳо аз қувваи корӣ барканор бошанд. Ба қавли ин зан, беҳтар он аст, ки барномаҳои махсуси давлатӣ барои ҷалби ин афрод ба меҳнатҳои сабук ва бо назардошти хоҳиш ва касбу кори онҳо таҳрезӣ шаванд.

Шиддат гирифтани мушкили пиронсолии аҳолии сайёраи ҷаҳон ба яке аз мушкилоти асосии сиёсати демографӣ табдил ёфтааст. Дар Тоҷикистон низ ин ҳолат истисно нест. Коршиносони соҳа мегӯянд, ки даҳҳо нафар пиронсолон дар ҳолати бади иҷтимоӣ қарор доранд. Агар аз як тараф поин будани нафақа иллати иҷтимоӣ маҳсуб ёбад, паҳлӯи дигар на ҳамаи солхӯрдаҳо аз нигоҳубини хуби фарзандон бархӯрдор мебошанд. Зимни як тадқиқоти Маркази миллии ихтиёрони Тоҷикистон, ҳолатҳои шумораи барзиёди солхӯрдаҳо нисбат ба қишри ҷавонон ва миёнсолон мушоҳида шудааст. Дар нишасте, ки бахшида ба Рӯзи байнулмилалии солхӯрдаҳо баргузор гардид, зикр гардид, ки айни ҳол дар Душанбе 327 шахси солхӯрдаю бемор ва яккаю танҳо зиндагӣ мекунад, аз ин ҷумла, 27 нафар бемори барҷомонда мебошад, ки ба кӯмаки дигарон эҳтиёҷ доранд.

Ҷамила Ҳусайнова, ки муаллифи матолиби зиёд оид ба вазъи зиндагии ин қишр мебошад, мегӯяд, дар ҷомеаи муосир падидаи ба нафақа расидан ва боз ҳам дар ҷойи кор мондани солхӯрдаҳоро чандон хуш намепазиранд: «Агар воқеан барои пиронсолон ғамхорӣ кардан хоҳанд, барои онҳо муҳити синну солии худашонро муҳайё кунанд. Чун онҳо дар муҳити ҷавонон зеҳнан азият мекашанд. Дигар ин ки барои онҳо шуғли сабук эҷод кунанд. Чун занону мардони пиронсол бештар ба корҳои косибӣ ва дузандагӣ машғул ҳастанд.»

Созмони Милали Муттаҳид бо ишора ба афзоиши мизони аҳолии солхӯрда, гуфтааст, ки ҷаҳонро «инқилоби ором»-и пиронсолӣ фаро мегирад. Дар асоси иттилои Созмони Милали Муттаҳид, дар соли 1950 дар ҷаҳон 200 миллион шахсони синни 60 ва болотар аз он ба қайд гирифта шудааст. То соли 1975 ин нишондод то 350 миллион ва то соли 2000-ум ба 590 миллион расидааст. Гуфта мешавад, то соли 2025 ин рақам то 1 миллиарду 100 миллион ва то соли 2050 ба 2 миллиард мерасад, ки ин ҳолат ба яке аз мушкилҳои асосии сиёсати демографии ҷаҳон мубаддал хоҳад шуд. Аз 1,5 миллиард аҳолии сайора, ки дар ҳолати фақр зиндагӣ доранд ва дар як рӯз хароҷоти онҳо ба 1 доллар баробар аст, 100 миллиони онҳо пиронсолони барҷомонда ва бенавои 60-сола мебошанд.
XS
SM
MD
LG