Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Сергей Степашин ба Душанбе


Сергей Степашин
Сергей Степашин

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, масъалаи ҳузури ҳарбии Русия ҳаргиз зери шубҳа набудааст.

Сардори Палатаи бозрасии Русия Сергей Степашин ба хабаргузории русии ИТАР-ТАСС гуфт, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ кардааст, ки пойгоҳи 201-и Русия дар кишвараш кафили эътидол ва амният дар минтақа мебошад ва Тоҷикистон ҳузури онро зери суол намегузорад.

Ба гуфтаи Степашин, раҳбари Тоҷикистон ҳамчунин ваъда додааст, ки дар қаламрави кишвараш ягон пойгоҳи дигар, аз ҷумла аз Иёлоти Муттаҳида бунёд нахоҳад шуд.

Степашин, ки дар садри як ҳайати расмӣ барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд ба Душанбе сафар кардааст, инчунин заминаҳои мулоқоти ояндаи президентҳои Тоҷикистон ва Русияро дар Маскав омода мекунад.

Вай изҳори боварӣ кард, ки дар ин сафари давлатии Раҳмон ба Маскав ҳамаи масъалаҳои байни ду кишвар ҳалли худро хоҳанд ёфт.

Степашин инчунин гуфт, дар дидор бо раисиҷумҳури Тоҷикистон барномаи ҳамкориҳои дуҷониба дар риштаҳои энержӣ ва тиҷоратро низ баҳс карда, ба вазъи забони русӣ дар Тоҷикистон ва кӯмаки Русия ба мактабҳои русии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ кардааст.
XS
SM
MD
LG