Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ғанисозии урани Эронро баррасӣ хоҳад кард


Эрон қавл додааст, ки масъалаи корхонаи махфии ғанисозии урани худро дар музокироти 1-ӯми октябр баррасӣ нахоҳад кард. Аммо Амрико мегӯяд, ки ба нақша гирифтааст, то масъалаи корхонаи ғанисозии урани Эронро бо мақомоти расмии ин кишвар дар музокирот баррасӣ кунад. Роберт Гибз-сухангӯи Кохи Сафед гуфтааст, ба Эрон бастагӣ дорад, то ба ҷаҳониён нишон диҳад, ки барои тавлиди энергия барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ дорад, на барномаҳои махфии иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ. Қаблан Алӣ Акбар Солеҳӣ-раиси Ожонси Энержии ҳастаии Эрон гуфт, кишвараш ба гуфтаи вай "салоҳият"-и ҳастаии худро рӯзи панҷшанбе бо шаш кишвари абарқудрати ҷаҳон баррасӣ нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG