Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ҳуқуқаш ба барномаҳои ҳастаиро баҳс намекунад


Раҳбари созмони ҳастаии Эрон Алиакбар Солеҳӣ гуфт, Эрон дар музокироти рӯзи панҷшанбе бо қудратҳои ҷаҳонӣ ҳуқуқи худ ба фаъолиятҳои ҳастаӣ, аз ҷумла мавзӯъи корхонаи нави ғанисозии ураниумашро баҳс нахоҳад кард: “Гуфтугӯ дар мавриди халъи силоҳ – пиромуни манъи густариш, ки мояи нигаронии ҳамагонист – пиромуни масоили ҳастаиву фанновариҳои ҳастаӣ ва ҳамкориҳои фаннӣ , пиромуни ин ҳама мо барои баҳс омодаем. Мо ҳуқуқи аслии худро баҳс нахоҳем кард. Ин аст чизе, ки мо мехоҳем ба он таъкид кунем.” Солеҳӣ афзуд, Теҳрон ғанисозии ураниумро “ҳатто барои як сония ҳам” қатъ намекунад.
Бо ин ҳол, имрӯз парлумони Эрон ҳушдор дод, ки агар кишварҳои Ғарб боз ҳам “иштибоҳҳои гузашта”-и худро такрор кунанд, Эрон метавонад ҳамкориро бас кунад.
Рӯзи 1 октябр намояндагони 5 узви доимии Шӯрои Амнияти СММ бо иловаи Олмон ба баҳси барномаҳои ҳастаии Эрон шурӯъ хоҳанд кард. Ғарб Эронро дар талоши сохтани силоҳҳои ҳастаӣ айбдор мекунан, вале Эрон ин иддаоро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG