Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин харитаи комили Моҳро сохтааст


Чин мегӯяд, таҳияи харитаи дақиқу комили қаламрави Моҳро дар шакли себӯъдӣ анҷом додааст. Ин харита бар пояи тасвирҳои аз моҳ бардоштаи нахустин моҳвораи Чин, ки соли 2007 партоб шуда буд, таҳия шудааст.
Лю Сианлин аз Фарҳангистони заминсозиву харитасозии Чин таҳияи харитаи Моҳро як қадами муҳим дар роҳи дар оянда ба рӯи Моҳ нишастани киштии кайҳонии Чин номид.
Пекин мехоҳад то соли 2012 киштии бидуни сарнишинаш ва то соли 2020 нахустин фазонавардашро ба Моҳ бифиристад.
XS
SM
MD
LG