Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмоишҳо монеъи музокироти Женева нахоҳад шуд


Карл Билдт, вазири хориҷаи Шветсия, ки раёсати давраии ИА-ро бар ӯҳда дорад, гуфт, ба бовари ӯ, баъид аст, ки озмоишҳои ахири мушакии Эрон боиси тахриби музокироти қарибулвуқӯъи барномаҳои ҳастаии он кишвар шавад. Қудратҳои ғарбӣ озмоишҳои мушакии Эронро шадидан маҳкум карданд.
Эрон дар 2 рӯзи гузашта як силсила мушакҳои кӯтоҳу миёна ва дурпарвозашро, ки якеаш тавони асобати қаламрави Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар халиҷи Форсро низ дорад, озмоиш кард. Ин озмоишҳо дар пешорӯи музокироти 6 қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон рӯи барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии он кишвар, ки қарор аст, рӯзи 1 октябр шурӯъ шавад, сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG