Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати дастикам 12 нафар дар таркиши Қандаҳор


Таркиши бомб имрӯз дар шаҳри Қандаҳор, дар ҷануби Афғонистон ба як автобус асобат карда, мунҷар ба ҳалокати дастикам 12 нафар шуд. Сухангӯи волии Қандаҳор гуфт, бар асари ин таркиш занону кӯдакон низ кушта шуданд. Ин мақом ҷангиёни толибро дар ин бомбгузорӣ айбдор кард. Аммо худи Толибон то ҳол ба ин ҳодиса вокунише нишон надодаанд.
XS
SM
MD
LG