Дар ин бора хабаргузории давлатии “Ховар” ба нақл аз Маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хабар дод. Аммо ҷузъиёти санади нав нашр нашудааст ва рӯшан нест, манзур аз он корбасти нерӯҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби Созмони Паймони амнияти дастаҷамъист ва ё имкони истифодаи Тоҷикистон аз пойгоҳи ҳарбии Русия, ки дар заминаи собиқ фирқаи 201-и Русия дар Тоҷикистон таъсис ёфтааст.
Дар чаҳорчӯби Нерӯҳои вокуниши сареъи Паймони амнияти дастаҷамъӣ, ки ахиран таъсис ёфт, Русия ва Тоҷикистон нерӯҳои муштарак доранд. Аммо шеваи истифодаи онҳо дар созишномаи таъсиси ин нерӯҳо, ки 14 июн аз тарафи президентҳои Русия, Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар Маскав ба имзо расид, муқаррар шудааст. Беларус ва Узбакистон аз имзои ин санад худдорӣ карданд, аммо Минск дертар ба ширкат дар он ризоият дод.
Масъалаи истифодаи муштараки нерӯҳои мусаллаҳ биноан метавонад ба ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикистон рабт гирад, ки чанд моҳи охир яке аз мавзӯъҳои баҳси миёни Душанбе ва Маскав мебошад. Фирқаи 201-и Русия, тибқи қарордоди ду ҷониб аз соли 2004 ба пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон табдил ёфт, вале аз ҳамон давраи баррасии ин масъала, саҳеҳтараш сар аз соли 1999 Душанбе хостори ин буд, ки фармондеҳии нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон дар ҳолати зарурӣ ба ихтиёри раисиҷумҳури Тоҷикистон гузарад.
Ҳамин талаби Душанбе сабаб гардид, ки баррасии масъала то соли 2004 кашол ёбад. Дар натиҷа бо ваъдаи 2 миллиард доллар сармоягузории Русия Тоҷикистон ба таъсиси пойгоҳи ҳарбии Русия ризоият дод ва дар ивази лағви қарзи 242 миллион доллараи худ маркази дидбонии кайҳонии "Окно"-ро ба моликияти Русия супурд.
Тағйири вазъ дар минтақа пас таъсиси пойгоҳҳои Амрико ва тарҳи пойгоҳи дувуми Русия дар Қирғизистон ва иҷорапулии ин ду кишвар ба Қирғизистон худ ба худ масъалаи ҳузури бепули ҳарбии Русия дар Тоҷикистонро ба миён овард.
Сарпечии Маскав аз бознигарии созишномаҳои соли 2004 сабаби он шуд, ки дар моҳи феврали соли равон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эътироз аз ширкати дар нишасти сарон дар Маскав худдорӣ кунад. Ҳарчанд ду рӯз баъдаш вай ба ҳар ҳол ба Маскав сафар кард, Кремл ризоият дод, ки масъала мавриди омӯзиш қарор бигирад.
Дар мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои руси худ Дмитрий Медведев дар Душанбе, охири моҳи июл Маскав изҳори омодагӣ кард, ки равобити ҳарбии байни ду кишвар минбаъд дар чаҳорчӯби тиҷоратӣ идома кунад. Аз ҷумла силоҳу муҳимоти Русия ба Тоҷикистон ба нархи ҷаҳонӣ фурӯхта шуда, таълими мутахассисони ҳарбии Тоҷикистон дар Русия пардохт шавад.
Дар нишасти ахири Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи ин мавзӯъҳо ва ҳамчунин ҳимояи мутақобила аз ҳуқуқи фаъолиятҳои зеҳнӣ, ки дар рафти ҳамкориҳои ҳарбӣ ба даст меоянд, баррасӣ шудаанд. Агар созишномаи барномарезии муштараки Тоҷикистону Русия дар истифодаи нирӯ ба манзури таъмини амнияти дуҷониба ба масъалаи пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон дахл дошта бошад, метавон гуфт, шарти соли 1999-и Тоҷикистон ниҳоят акнун ҷомаи амал пӯшидааст.