Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи масъулони "Востокредмет" бо ҷурми ҷосусӣ


Додгоҳи вилояти Суғд дар шаҳри Чкалов муҳокимаи парвандаи 5 тан аз масъулини собиқи корхонаи “Востокредмет”-ро пушти дарҳои баста идома медиҳад. Ин афрод ба хиёнат ба ватан ва ҷосусӣ ба фоидаи Узбакистон муттаҳам мешаванд. Манзура Мамадова, раиси додгоҳи Чкалов гуфт, дар толори мурофиа танҳо айбдоршавандагон ҳузур доранд.
Раиси пешини “Востокредмет” Шавкат Бобоҷонов дар моҳи июл боздошт шуд. “Востокредмет” дар аҳди Шӯравӣ ба коркарди маъдани ураниум барои саноати низомӣ машғул буд, вале акнун тавлид ва коркарди ураниум дар ин корхона қатъ шуда, баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ фаъолияти “Востокредмет” фалаҷ шудааст.
XS
SM
MD
LG