Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди HRW аз бархӯрди Русия ба ҳукми додгоҳ


Human Rights Watch, як созмони дидбони ҳуқуқи башар, мақараш дар Амрико, мегӯяд, мақомоти Русия маъмулан ҳукмҳои Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар дар мавриди ҷиноётеро, ки дар минтақаи ошӯбзадаи Қафқози шимолӣ сурат гирифтаанд, нодида мегиранд. HRW гуфт, ин додгоҳ дар 115 ҳукмаш дар мавриди Чеченистон мақомоти Русияро дар ҷиноёте, чун куштор, рабудан ва шиканҷаи афрод масъул шинохтааст.
Ба гуфтаи ин гурӯҳ, Маскав дар амри муҷозоти афроде, ки исмашон дар аҳкоми содиркардаи додгоҳи Аврупо ҳамчун муҷрим меояд, муваффақ набудааст. Давлати Русия то ҳол ба ин гузориши HRW вокунише нишон надодааст. Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев қаблан гуфта буд, атбоъи Русия аксаран дар низоми додгоҳии ин кишвар адолати кофӣ ба даст намеоранд ва маҷбур мешаванд, рӯ ба додгоҳи Аврупо биоваранд.
XS
SM
MD
LG