Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъракаи миллии воксинзанӣ дар Тоҷикистон оғоз ёфт


Имрӯз дар Тоҷикистон маъракаи миллии воксинзанӣ бар зидди бемориҳои гул ва сурхакон оғоз ёфт. Тайи ин маърака, ки то 12 октябр идома хоҳад кард, воксин задани ҳудуди 2 500 кӯдаки аз як то чаҳордаҳсола дар назар аст.
Маъракаи имсола бар пояи кӯмакҳои молии Сандуқи кӯдаки СММ – ЮНИСЕФ, Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Ин созмонҳо ба маблағи 3 миллион доллар воксин ва дигар таҷҳизоти тиббии лозим барои анҷоми ин маъракаро дар ихтиёри вазорати ҳифзи сиҳҳати Тоҷикистон қарор додаанд.
XS
SM
MD
LG