Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳ сол пеш қонун иваз шуд...


26-уми сентябри соли 1999 дар назарсанҷии умумӣ дар Тоҷикистон ба Қонуни асосии кишвар тағйиру иловаҳо ворид гардид.

Дар асоси онҳо дар кишвар порлумони дузинаӣ таъсис ёфт, мӯҳлати президентӣ аз 5 ба 7 сол дарозтар шуд ва ташкили ҳизб бар пояи ақидаи динӣ имконпазир гардид. Вале оё таҷрибаи 10-сола баёнгари чист ва метавон гуфт, ин тағйиру ислоҳу иловаҳо мояи рушди мамлакат шуд?

ИСЛОҲОТ БА ХОТИРИ СУЛҲ?

Муҳимтарин натиҷаи ислоҳоти Қонуни асосӣ дар даҳ соли пеш як порлумони думаҷлиса, ба ҳафт сол дароз шудани даври раёсати ҷумҳурӣ ва иҷозаи фаъолияти ҳизби сиёсӣ бо ҷаҳонбинии мазҳабӣ буд.

Ислоҳоти мазкур саромади музокира ва гоҳо муомилаи давлат ва мухолифони мусаллаҳаш буд. Шояд бештари умри Кумиссюни оштии миллии Тоҷикистон, ки масъулияти иҷрои Созишномаи сулҳро дошт, дар таҳияи тарҳи ислоҳоти Қонуни асосӣ сарф шуд. Ислоҳоте, ки дар поении сенябри соли 1999 ба раъйпурсӣ гузошта шуд ва гӯё то таъсиси як порлумони думаҷ лиса ва маслакӣ заминаи мухолифтаҳои сиёсӣ аз байн рафт.

Ду тарафи ҷанг баъди расидан сулҳ ва оштӣ мебоист баҳсу муборизоти худро дар бистари як порлумони ҳирфаӣ идома медоданд, аммо то ин ки интихобот ба ин порлумон доир шавад, Иттиҳоди нерӯҳои мухолифони тоҷик, ки давлатро барои пазируфтани шароити сулҳ ба зону дароварда буд, беасар шуд ва танҳо ду намояндаи тарафи мухолиф он ҳам бар асоси рӯхати ҳизбӣ тавонистанд, вориди маҷлис шаванд.

ДАҲ СОЛ БАЪД

Аммо акнун, ки даҳ сол аз умри ин ислоҳот мегузарад, бисёре он ислоҳотро як ислоҳоти умдатан нобарор унвон мекунанд. Ҳатто касоне, ки дар таҳияи тарҳи ислоҳот саҳм доштанд, яъне мухолифини пешини давлат. Бисёре аз соҳибназарон доштани ду маҷлис барои Тоҷикистони кӯчак ва гирифтори мушкилро амри савоб ва ба маслиҳат намедонанд. Ойинниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос ва аз чеҳраҳои маъруфи мухолифини собиқ мегӯяд, таҷрибаи даҳ солаи ислоҳот нишон дод, ки ду маҷлис барои Тоҷикистон зарурате надорад.

Аз сӯи дигар ҳадаф аз тағирот ба Қонуни асосӣ таҳкими ҷойгоҳи порлумон дар низоми ҳокимияти давлатӣ буд. Шокирҷон Ҳакимов, устоди ҳуқуқ дар Донишгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯяд, мегӯянд бо вуҷуди он ки Тоҷикистон соҳиби ду маҷлис шуд, аммо ду маҷлисе бо салоҳияти андак, ки дар давоми даҳ сол дар низоми давлат натавонист мустақилияти худро собит кунад.

НАЗАРИ МУСБАТ

Аммо дар ҳамин ҳол Масъуд Собиров устоди дигари донишгоҳ мегуяд, ба ҳар ҳол рӯи кор омадани порлумони ҳирфаӣ, ки солҳо барои он талош мешуд, муҳимтарин дастоварди ислоҳоти даҳ соли пеш буд. Ба ақидаи оғои Собиров ин ки порлумон то куҷо тавонистааст, истиқлли худро ҳифз кунад ва рислаташро анҷом диҳад, масъалаест, ки ба шахсияти азъои он бар мегардад, аммо вуҷуди он дар низоми давлат дастоварди муҳимест.

Тавре гуфта шуд, иҷоза додан ба фаъолияти аҳзоби сиёсии бо тафаккури динӣ аз нукоти дигари муҳими ислоҳоти даҳ соли пеши Қонуни асосӣ буд, ки бар асоси он ҲНИТ иҷозаи дубораи фаъолият дарёфт кард.

Аммо дар баробари ин костан аз салоҳияти ҳукумат ва сарвазир, маҷлис ва ҳукуматҳои маҳалӣ ва афзудан ба салоҳиятҳои президнет ва тамдиди даври раёсати ҷумҳурӣ аз панҷ то ҳафт сол аз натиҷаҳои дигари умдаи ин ислоҳот дониста мешавад. Вале он гоҳ ва алъон низ бархе таҳлилгарон раҳбарияти Нируҳои мухолифинро ба ин муттаҳам мекарданд, ки бар ивази дар банди 28 қонуни асосӣ ҷой додани иҷозаи фаъолияти ҳизби динӣ, яъне ҲНИТ ба соир гузаштҳо ба нафъи давлат муомила кардааст.

ЗАРУРАТИ ИСЛОҲОТИ НАВ?

Бисёре аз мухолифон, аз ҷумла пешниҳод доранд, ки як аз маҷлиси порлумон бояд сарфиназар шавад ва ба ҷои он шумори курсиҳо дар

Маҷлиси намояндагон афзуда шавад. Аммо барои он боз ҳам ба як ислоҳоти дигари Қонуни асосӣ ниёз аст.
Аммо суол ин аст, ки агар ислоҳоте ҳам сурат бигрирад ҷониб дорони баргузории он баъди даҳ сол мисли имрӯз боз ҳам пушаймон нахоҳанд шуд?

XS
SM
MD
LG