Эрон мегӯяд, мушакҳои дурпарвозеро озмоиш хоҳад кард, ки ба қавли коршиносони низомӣ тавони зарба ба Исроил ва пойгоҳҳои амрикоӣ дар минтақаи Халиҷи Форсро хоҳанд дошт. Дар ҷараёни тамринҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ду мушаки кӯтоҳпарвоз низ озмоиш шуданд. Ин хабарҳо дар ҳоле мерасанд, ки шиддат дар муносибатҳои байни Эрон ва қудратҳои ғарбӣ ба авҷи худ мерасад ва ҳафтаи оянда гуфтушуниди Теҳрон бо панҷ узви доимии Шӯрои Амният бо изофаи Олмон баргузор хоҳад гашт.