Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифати президенти Ироқ ба таҳримҳои зидди Эрон


Президенти Ироқ, Ҷалоли Толибонӣ мегӯяд, таҳримҳои нави зидди Эрон натиҷае нахоҳанд дошт ва ҳушдор дод, ки Ироқ ҳаргиз ба Исроил ё ҳар кишвари дигаре иҷоза нахоҳад дод, ҳарими ҳавоии Ироқро барои зарба ба иншооти ҳастаии Эрон истифода кунад. Толибонӣ афзуд, шаш қудрати асосии ҷаҳон, Иёлоти Муттаҳида, Русия, Чин, Бритониё, Фаронса ва Олмон, ки бо масъалаҳои ҳастаии Эрон сари кор доранд, бояд бо Эрон вориди музокироти, ба гуфтаи ӯ, "воқеӣ", шаванд ва ҳуқуқи Теҳронро ба истифодаи осоиштаи нерӯи ҳастаӣ тазмин кунанд.
XS
SM
MD
LG