Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Бан Ки-мун аз ғанисозии уран дар Эрон


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ки-мун дар дидоре бо раиси ҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод дар Ню Йорк ба вай гуфт, ки аз барномаи ғанисозии уран дар Эрон шадидан нигарон аст. Бан бори дигар талаб кард, ки Эрон қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милалро иҷро кунад ва бо Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ба таври комил ҳамкорӣ намояд. Бан ҳамчунин гуфт, музокироти созанда бояд ба зудӣ шурӯъ шавад. Рӯзи ҷумъа Теҳрон ба таври ғайриинтизор эълом дошт, ки корхонаи дувуми ғанисозии уранро боз кардааст.
XS
SM
MD
LG