Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи ҳамоиши забонҳои хурд ва таҳти хатар


Ширкаткунандагони ҳамоиши «Забонҳои таҳти хатари нобудшавӣ ва таърих» дар Хоруғ аз ҳукумат хостори таваҷҷӯҳи бештар ба забонҳои хурди кишвар шуданд.

Ба фикри ширкаткунандагони ҳамоиш, соҳиби хат гардидани ин забонҳо ва фароҳам кардани шароити тадрис бо ин забонҳо дар макотиб ба рушди онҳо мусоидат мекунад.

Николас Остлер, раиси Бунёди ҳифозати забонҳои таҳти таҳдид, мегӯяд, дар дуне зиёда аз 6 000 забонҳои хурд мавҷуд ҳастанд, ки бештари онҳо ба хатари нобудӣ рӯбарӯ ҳастанд. Раиси бунёд баргузории чунин як ҳамоиш дар Тоҷикистонро далели таҳдиди азбайнравии забонҳои хурд арзёбӣ намуд. Ба қавли Остлер, дар Тоҷикистон забони яғнобӣ ба мушкилоти бештаре рӯ ба рӯ будааст.

Номзади улуми филологӣ Сайфиддин Мирзоев, мушкилоти забони яғнобӣ ин аст, ки алҳол дар Яғноб каме бештар аз 500 кас ба сар мебаранд ва бо ин забон муошират мекунанд. Вай гуфт, қисмати умдаи яғнобиҳо, ки теъдодашон ба 8 ҳазор мерасад, иҷборан муҳоҷир шуда, дар маконе зист доранд, ки дар ин ҷо васоити ахбори кишвари ҳамсоя низ нуфуз доранд ва он метавонад ба раванди тағйирёбии забон таъсир расонад.

Чаҳор забони гуфтугӯӣ дар Тоҷикистон - яғнобӣ, язгуломӣ, ишкошимӣ (ринӣ) ва рошорвӣ ба феҳрасти забонҳои таҳти хатар шомил шудаанд ...
Чаҳор забони мавҷуди гуфтугӯӣ дар Тоҷикистон – яғноби, язгуломӣ, ишкошимӣ(ринӣ) ва рошорвӣ ба феҳрасти забонҳои таҳти таҳдид шомил шудаанд. Ин феҳраст забонҳоеро дар бар мегирад, ки камтар аз 1500 нафар ба онҳо гап мезанад.

Аммо сокинони деҳоти Рин – гӯяндагони забони ишкошимӣ (ринӣ) бо теъдоди каме беш аз ҳазор нафар аз хабари дар феҳрасти забонҳои таҳти таҳдид қарор гирифтани забонашон норозӣ ҳастанд. Шоира Султонбекова, як сокини деҳаи Рин, гуфт, забони ринӣ буд, ҳаст ва мемонад. Аз ҳама бештар докторони илм ва олимон дар ноҳия аз ин маҳалла ҳастанд ва ин забон нахоҳад мурд.

Номзади илмҳои филологӣ Назари Назар мегӯяд, ки забони ишкошимӣ қаблан мавриди истифодаи доираи васеътари мардум дар минтақа қарор дошт ва ба тадриҷ мавқеъаш танг шудааст. Вай гуфт, ки агарчи омилони ин забон дар деҳоти Тоҷикистон дар қиёс бо ҳамзабононашон дар тарафи дигари соҳили Панҷ имконияти хубтари ҳифз забонро доранд, аммо таъсири омилҳои фарҳангӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ, ба монанди раванди афзояндаи муҳоҷиратро наметавон ба ҳолати забон нодида гирифт.

Устоди Донишгоҳи Хоруғ Элбон Ҳоҷибеков манзараи ба тадриҷ аз байн рафтани забонҳои маҳаллӣ дар маҳаллоти Ғорони ноҳияи Ишкошимро мисол оварда, таъкид кард, ки агарчи дар гузашта сабабҳои асосии аз байн рафтани забон ба тохтутозҳои аҷнабиён ва муҳоҷирати иҷбории сокинон вобаста будаст, аммо омилҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ба таври идомадор ба ҳолати забон таъсир мерасонанд.

Ба гуфтаи доктор Шаҳноз Хунзоӣ, бар асари таъсири омилҳои иқтисодӣ ва ҳамлаи фарҳангӣ забонҳои хурди шимоли Покистон, ба мисли брушаскӣ, мавқеи фаъоли муоширатро аз даст медиҳанд ва калимоти бегона ҳарчи бештар ба онҳо роҳ меёбад.

Барои ҳифз ва густариши забон мавҷудияти алифбо муҳим нест. Муҳин он аст, ки гӯяндагони забон онро дӯст доранд ва истифода баранд ...
Пажӯҳишгари бритонӣ Кассӣ Смиф дар маърӯзаи ироакардааш дар мисоли таърих ва ҳуввият ва тағйирёбии забони гаелӣ таъкид кард, ки ҳамлаи фарҳангӣ ва ҷаҳонишавӣ ба забонҳои хурд дар кулли нуқоти дунё қариб ба таври яксон будааст. Вай мегӯяд, ки дар маҳдуд кардани забони гаелӣ дар гузашта аз фишангҳои фарҳангиву иқтисодӣ ва ҳатто диниву мазҳабӣ истифода шудааст.

Мишел Волс, пажӯҳишгар аз Австралия, мегӯяд, барои ҳифз ва густариши забон мавҷудияти алифбо муҳим нест. Вай баён дошт, муҳим он ҳаст, ки гӯяндагони забон онро худро дӯст доранд ва истифода баранд. Ба гуфтаи ӯ, дар Австралия забонҳое, низ буданд, ки соҳиби хат буданд, аммо аз байн рафтанд ва баръакс ҳолатҳое вуҷуд доштанд, ки забонҳои бехат рушд карданд.

Ба гуфтаи сардори пажӯҳишгоҳи улуми инсонии Академияи улуми ҷумҳурӣ дар Хоруғ Шодихон Юсуфбеков, алорағми пешгӯиҳои мутахассисон ҳеҷ яке аз забонҳои бадахшонӣ аз байн нарафт, балки онҳо то андозае рушд карданд. Вай гуфт, ки агарчанде татбиқи қонуни забон дар мавриди забонҳои бадахшонӣ дар маҳалҳо ба тарзи сатҳӣ сурат гирифтааст, аммо таъсиси шӯъбаи помиршиносӣ дар назди Академияи улум ва дар ин замина иҷрои корҳои таҳқиқотӣ ба омӯзиш ва ҳифозати фарҳанг ва забонҳои маҳаллӣ мусоидат карданд.

Ба гуфтаи Шамсиддин Мирзоев, олимони Фарҳангистони улуми кишвар ба забони яғнобӣ китобҳои дарсӣ тартиб доданд ва муддате аз ин китобҳо тадрис шуд. Вай афзуд, аммо бо сабабҳои номаълум дар роҳи таълими ин забон монеа эҷодшудааст ва акнун саъй меварзем, ки ҳадди ақал ҳафтае ду соат барои омӯзиши забони яғноби ихтисос дода шавад.

Алорағми пешгӯиҳо мутахассисон, ҳеҷ яке аз забонҳои бадахшонӣ аз байн нарафт, балки онҳо то андозае рушд карданд ...
Дар ҳамин ҳол бархе аз шаҳрвандон дузабониро монеа дар роҳи густариши забони давлати арзёбӣ мекунанд. Аммо забоншинос Боғшо Лашкарбеков хуб донистану истифода бурдан аз забон ва гӯишҳои маҳаллиро омили муҳим дар аз худ кардан ва омӯзиши забони давлатӣ мешуморад ва бар ин ақида аст, ки мавҷудияти яке дар роҳи дигаре монеа эҷод намекунад. Ба фикри вай, забонҳои маҳаллӣ ифодакунандаи тафаккури чандинҳазорсолаи мардум буда, аз ин рӯ соҳибзабонон барои ҳифозаташон кӯшидаанд ва ин мероси фарҳангии ғановати миллӣ маҳсуб мешавад.

Муҳаққиқ чунин мешуморад, ки дар ҳифозати забонҳои атиқаи эронии шарқӣ дар моварои кӯҳҳои Помир дар баробари омилҳои инсонӣ, ҳамчунин мавқеъияти ҷуғрофӣ нақши муассир доштааст.

Ба гуфтаи Мишел Волс, 30 сол қабл дар Австралия охирин намояндаи забони гумбаҳнгӣ боқӣ монд ва давлат барои эҳёи ин забон таълими онро дар макотиб ба роҳ монд ва шумори ҳомилони забон акнун афзудааст. Вале ба фикри мутахассисони ватанӣ давлати Тоҷикистон ба чунин ҳолат дучор шудани забонҳои хурдро интизор нашуда, дар қавонини нав барои рушду нумуи онҳо шароит ва имконоти бештарро қоил мешавад.
XS
SM
MD
LG