Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Данғара: Бунёди синфхонаҳои узбакӣ


Назди чаҳор мактаби таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Данғара 10 синфхона барои мактаббачагони узбакзабон боз шудааст.

Эмомалӣ Саидамиров, мудири маорифи минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, боз шудани синфхонаҳои узбакӣ дар назди мактабҳои тоҷикии ин ноҳия дар ҳолест, ки солҳо боз дар Данғара се мактаби вижа барои узбакзабонҳо фаъолият мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, дар самти таълиму тарбия макотиби узбакӣ ҳеҷ мушкиле надоранд. Камбуди адабиёти таълими низ дар ин макотиб ба чашм намерасад, зеро ҳар сол бо теъдоди муайн бо тавсияи Вазорати маориф адабиёти таълими бо забони узбакӣ нашр мегардад.

Феълан дар чаҳор навоҳии минтақаи Кӯлоб наздики 50 мактаби узбакӣ бидуни маҳдудият фаъолият мекунад ...
Ҷаноби Саидамиров мегӯяд, макотиби узбакӣ дар навоҳии Данғара, Фархор, Ҳамадонӣ ва Темурмалик даҳсолаҳо боз бе ҳеҷ маҳдудият фаъолият мекунанд ва дар ин муддат боре нашудааст, ки узбакзабонҳои минтақа дар самти таълиму тарбия шиква намуда бошанд.

Аммо дар ҳамин маврид Сафаралӣ Мирзоев, устоди риштаи таърих, мегӯяд, дар ҳоле Тоҷикистон мактабҳои узбакӣ бунёд мекунад, ки мутаассифона дар Узбакистон мактабҳои тоҷикиро мебанданд. Вай мегӯяд, мувофиқи асноди бойгониҳо теъдоди мактабҳо аз солҳои сиюм бад ин сӯ ба маротиб дар Узбакистон коҳиш ёфта, шумори тоҷикон низ аз 1 миллион беш нашудааст.

Бад ин тартиб ҷаноби Мирзоев аз фишори маънавӣ болои тоҷикон дар Узбакистон изҳори таассуф намуд. Аммо Тулқун Тошмадов, як омӯзгори узбактабор, мегӯяд, борҳо барои аёдати хешу табор ба Узбакистон рафта, шоҳиди бадмуомилагии мақомоти узбак шудааст.

Ҷаноби Тошмадов мегӯяд, дар ду кишвари ҳамсоя доираҳои махсусе тоҷику узбакро бо ҳар роҳ ба ҳам зид мекунанд, ки ин хилофи оини ниёкони ҳар ду миллат аст. Вай мегӯяд, баста шудани мактабҳои тоҷикӣ ва фишор болои тоҷикон дар Узбакистон муваққатист ва аз ин рӯ ҷониби Тоҷикистон низ набояд ба ҳамсояи худ пайравӣ кунад.

Боз шудани 10 синфхонаи узбакӣ дар ноҳияи Данғара беш аз 150 нафар хонандагони узбакзабонро ба таълим фаро гирифтааст. Феълан дар чаҳор навоҳии минтақаи Кӯлоб наздики 50 мактаби узбакӣ бидуни маҳдудият фаъолият мекунад.
XS
SM
MD
LG